Дар Тоҷикистон ҳудуди 5 ҳазор номи ҷуғрофӣ иваз мешавад

 “Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти ҷуғрофӣ интизор аст. “Номи онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест”, -изҳор дошт имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода. Бино ба маълумоти ӯ, ба ин талабот 4 ҳазору 833 иншооти ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин ҷавобгӯ нестанд. "Гурӯҳи махсуси корӣ аз моҳи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

 “Тоҷикистонро мавҷи нави табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин ва иншооти ҷуғрофӣ интизор аст. “Номи онҳо ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест”, -изҳор дошт имрӯз, 1 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳал Шарифҷон Ҷумъазода.

Бино ба маълумоти ӯ, ба ин талабот 4 ҳазору 833 иншооти ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин ҷавобгӯ нестанд.

"Гурӯҳи махсуси корӣ аз моҳи ноябри соли 2021 беш аз 12,5 ҳазор номҳои ҷуғрофӣ (топонимҳо)-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулосае расид, ки номи 4 ҳазору 31 иншооти ҷуғрофӣ ва 802 маҳаллаи аҳолинишин ба воқеияти имрӯза мувофиқ нестанд. Дар ояндаи наздик дар вилояти Суғд 170 ва дар вилояти Хатлон – номи 342 маҳаллаи аҳолинишин иваз карда мешаванд. Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 238 ва ВМКБ – 52 мавзеъ табдили ном мекунанд”, – иброз дошт Ҷумъазода.

Ӯ зикр кард, ки табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин раванди доимӣ буд, минбаъд низ идома меёбад.

Ғайр аз ин, маркази ноҳияҳо бояд мақоми шаҳракро дошта бошанд. Лекин айни замон дар Тоҷикистон маркази баъзе ноҳияҳо то ҳол деҳа шуморида мешаванд.

Ба нақша гирифта шудааст, ки зерсохтори онҳо ба талаботи шаҳрак мутобиқ гардонида шавад.

Қобили зикр аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ номҳои чандин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иваз шуда, (баъзеашон якчанд маротиба), бархе мақоми шаҳрро соҳиб шуданд ё аз нав таъсис дода шуданд. Дар ин маводи мо бо номҳои собиқ ва имрӯзаи чанде аз шаҳру навоҳӣ муфассалтар шинос шуда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио