“Биноҳои навбунёд ба зилзила тобоваранд”. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон натиҷаи санҷиши биноҳоро эълон кард

Asia-Plus

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон натиҷаи санҷиши биноҳоро мусбат арзёбӣ карда, гуфт, биноҳои навбунёд дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар мустаҳкам ва ба зилзила тобоваранд.

Моҳи феврали соли равон, баъди заминларзаи шадид дар Туркия ва Сурия, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон бо таъсиси як комиссияи вижа тасмим гирифта буд, ба зилзила тобоварии бино ва иншооти дар давраи солҳои 2018-2022 ба истифода додашуда ва сохтмонҳои нотамоми Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро санҷад.

Низом Мирзозода имрӯз, 2-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ҷониби комиссияи таъсисёфта 36 бинои навбунёди Бохтар, 26 бинои навбунёд дар шаҳри Хуҷанд аз санҷиш гузаронида шуда, тобоварии онҳо ба заминларза қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Ӯ теъдоди биноҳои дар Душанбе санҷидашударо зикр накард ва танҳо гуфт, “ҳамаи биноҳои навбунёд дар Душанбе аз санҷиш гузаронида шуданд ва ба заминларзаҳои шадид тобоваранд”.

Баъди исрори рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар бораи шумораи биноҳои санҷидашуда дар пойтахт, Самӣ Азизиён, сармеъмори шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки ҳоло дар пойтахт сохтмони 600 бинои нав идома дорад.

Баъдан Низом Мирзозода эътироф кард, ки дар Душанбе санҷиши биноҳои навбунёд идома дорад ва то ҳол камбудиҳои зиёд ошкор шудааст.

Ӯ гуфт, камбудиҳои ошкоршуда ҷиддӣ нест ва танҳо дар ҳуҷҷатгузорӣ аст, ки он ислоҳшаванда аст.

“Ҳуҷҷатгузориро то ба охир нарасонидаанд. Санади корҳои ноаёнро, ки бояд ҳуҷҷатгузорӣ мекарданд, накарданд. Дар баъзе минтақаҳои бино бояд бетон мекарданд, хишт кардаанд. Ҳамаи онҳоро тахриб карда, ба ҷояш бетон кардем”, – гуфт Низом Мирзозода.

Номбурда афзуд, биноҳо тариқи мушоҳидавӣ ва дастгоҳҳои махсус, ки дар озмоишгоҳҳои Хадамоти назорати сохтмон ва меъмории Кумита мавҷуд аст, баҳогузорӣ мешаванд.

Вале раиси Кумита аз ироаи омори мушаххаси биноиҳои камбудидошта худдорӣ кард.

“Баъди ошкор шудани камбудиҳо аз ҷониби Хадамоти назорати сохтмон ва меъморӣ протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, баъзе камбудиҳо ислоҳ шуданд. Вле ҳастанд баъзе камбудиҳое, ки бояд зери назорати мо қарор дошта бошанд. Роҳи дигар нест. Албатта, чунин ширкатҳо ҷаримабандӣ карда мешаванд”,- гуфт Низом Мирзозода.

Бояд гуфт, эълони натиҷаи санҷиши биноҳо ҳарфи наверо ошкор накард, чун пеш аз оғози санҷиш ҳам Низом Мирзозода гуфта буд, ки “биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд”.

Баъди оғози санҷиши биноҳои навбунёд, моҳи июни соли ҷорӣ дар Душанбе озмоишгоҳи санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот ба истифода дода шуд, ки мақсади он “баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда” мебошад.

Ёдовар мешавем, ки коршиносон ва баъзе сокинони Душанбе аз он шикоят доранд, ки биноҳои баландошёна ба ҳам наздик ва бе риояи қоидаҳои сохтмон бунёд карда мешавад ва ин хатарнок аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...