Пас аз заминҷунбии Туркияву Сурия. Тобоварии биноҳои Душанберо ба заминларза месанҷанд

Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад. Дар робита ба ин, рӯзи 16-уми феврал фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои таъсиси як комисияи вижа ба имзо расидааст. […]

Дар пайи заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия, ки садҳо бино фурӯ рехтаву даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуданд, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, тобоварии биноҳои навсохти Душанбе, Хуҷанд ва Бохтарро ба заминларза санҷад.

Дар робита ба ин, рӯзи 16-уми феврал фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон барои таъсиси як комисияи вижа ба имзо расидааст.

Дар фармоиш, ки нусхаи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор ёфт, гуфта мешавад, ки санҷиш дар бино ва иншоотҳои дар давраи солҳои 2018-2022 ба истифода дода шуда ва сохтмонҳои нотамом гузаронида мешавад.

Як масъули Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, воқеан, чунин фармоиш ба имзо расидааст ва рӯзи 22-юми феврал санҷиш дар биноҳо оғоз мешавад.

Ӯ афзуд, ҳамаи дастгоҳҳои зарурӣ дар озмоишгоҳи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон мавҷуд аст ва мутахассисон бо истифода аз онҳо мустаҳкамии биноҳо ва ба заминҷунбӣ тобоварии онҳоро месанҷанд.

“Ҳамчунин, ҳуҷҷатҳои биноҳо ва риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ мавриди санҷиш қарор мегирад”,- гуфт ин масъули Кумита.

Аммо ӯ оид ба шумораи биноҳои санҷидашаванда ва муҳлати фаъолияти комиссия иттилоъ надод ва ҳамчунин нагуфт, ки дар сурати ошкор гардидани камбудиҳо масъулини ширкати сохтмониро чӣ ҷазо интизор аст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳайати комиссия, як муовини раиси кумита (раиси комиссия), сардори Раёсати сохтмон ва раванди ҳамгироии кумита, муовини сардори хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, директори Инститтути геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои кишвар, директори КВД “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ”, директори КВД “Лоиҳакаш” ва муовини сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷаттҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ шомил мебошанд.

Комиссияи корӣ вазифадор шудааст, ки нақшаи кории баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозиро дар бино ва ишоотҳои сохташаванда тартиб дода, дар асоси он фаъолиятро ба роҳ монад.

“Аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон то 10-уми марти соли 2023 маълумот пешниҳод кунанд”, – омадааст дар фармоиш.

Ҳамчунин, дар гурӯҳҳои корие, ки барои назорати биноҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар таъсис ёфтааст, мутахассисони Кумита, Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон ва “КВД” Лоиҳакаш”  ҷалб шудаанд.

Дар робита ба баҳодиҳии эҳтимоли рух додани заминларзаи шадид дар пойтахт ва устувории сейсмикии воқеии иншоот ва биноҳои баландошёна амри раиси шаҳри Душанбе ҳам барои таъсиси гурӯҳи корӣ ба имзо расидааст.

Дар фармоиши раиси Кумитаи меъморӣ зикр шудааст, ки ҳайати гурӯҳи корӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи ин амри раиси шаҳр амал намоянд.

Санҷиши баландошёнаҳои Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар дар ҳолест, ки қаблан Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфта буд, “биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд”.

Ӯ рӯзи 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ аз зилзидлаи 6,6 бала дар Душанбе, ки чанд сол пеш рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.

Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.

Номбурда хабар дод, ки бо ишора ба заминҷунбии шадиди чанд рӯзи охир дар Туркия ва Сурия иқдом гирифтанд, дар назди Раёсати экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис  диҳанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.

Мутахассисони соҳа ва аксари сокинони Душанбе бошад, аз он шикоят доранд, ки биноҳои баландошёна ба ҳам наздик ва бе риояи қоидаҳои сохтмон бунёд карда мешавад ва ин хатарнок аст. 

Ёдовар мешавем, ки дар заминҷунбии 7,8 балае, ки 6-уми феврали соли ҷорӣ дар Туркия ва Сурия ба амал омад, садҳо хона хароб гашта, дар асоси омори охирин, дар маҷмӯъ, беш аз 40 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.