Дар Тоҷикистон ҳолатҳои хариду фурӯши одамон, одамрабоӣ ва таҷовуз ба номус хеле зиёд шудааст

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 4,2% зиёд шуд, хабар медиҳад Агентии омор бо истинод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, давоми моҳҳои январ-июни соли равон 34 ҳолати хариду фурӯши одамон ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта ин рақам ҳамагӣ 4 ҳодисаро ташкил медод.

Ҳамчунин дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳолатҳои одамрабоӣ (16,7%), роҳзанӣ (50%), таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он (13,6%) низ афзудааст.

Шумори ҷиноятҳои иқтисодии сабтшуда, ки асосан ба саркашӣ аз пардохти андоз марбутанд, ба андозаи 6,2% зиёд шудааст.

Бақаййдгирии ҷиноятҳои марбут ба порагирӣ ба андозаи 3,8% – аз 52 ҳолат дар нимсолаи аввали соли 2022 то ба 54 ҳолат дар соли ҷорӣ боло рафтааст.

Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июни соли 2022 сабти ҷиноятҳо дар маҷмӯъ 7% коҳиш ёфтааст – аз 12,5 ҳазор то 11,6 ҳазор ҳолат.

Дар ин давра ба миқдори 11,7% – аз 2825 то 2497 ҳодиса камтар ҷиноятҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст.

Дар сохтори минтақавӣ сабти ҷиноятҳо дар ВМКБ (16%) нисбатан камтар шудааст. Дар вилояти Хатлон содир шудани ҷиноятҳо 9,6%, Ноҳияҳои тобеи марказ – 8,8%, шаҳри Душанбе – 7,1% ва вилояти Суғд – 1,6% коҳиш ёфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...