Коҳиши мусодираи маводи нашъаовар ва муътодони маводи мухаддир дар Тоҷикистон

Давоми шаш моҳи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 2 тоннаю 476 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм (2 тоннаю 578 кг) 101 кг кам мебошад. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Тибқи иттилои ӯ, дар шаш […]

Давоми шаш моҳи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 2 тоннаю 476 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм (2 тоннаю 578 кг) 101 кг кам мебошад. Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 2-юми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ӯ, дар шаш моҳи аввали соли 2023 аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ 1 тоннаю 322 кг (2022 – 1 тоннаю 8 кг), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 782 кг (2022 – 1 тоннаю 289 кг), Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 5 кг (2022 – 4 кг) ва Хадамоти гумрук 37 гр (2022 – 23 кг) маводи мухаддир мусодира гардидааст.

Номбурда афзуд, дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар беш аз 366 кг маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 кг зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Воҳидзода бештари маводҳои мухаддири мусодирашуда дар ҳудуди вилояти Хатлон дарёфт шудаанд. Гуфта мешавад, ки он аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда шудааст.

Теъдоди нашъамандон кам шудааст

Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар шашмоҳаи гузашта теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон кам шудааст.

“Ҳоло дар Тоҷикистон 4 ҳазору 183 нафар нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 (4 ҳазору 437 нафар) 254 нафар ё 5,7 фоиз коҳиш ёфтааст”, – зирк кард директори Агентии назорати маводи нашъаовар.

Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 103 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2022-юм 100 нафар зани нашъаманд дар кишвар ба қайд гирифта шуда буд.

Ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир афзоиш ёфтаанд

Мутобиқи маълумотҳои оморӣ, дар нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 391 ҷиноят вобаста ба маводи нашъадор ошкор карда шудааст. Ин дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022-юм 7 ҷиноят (2022 – 384) зиёд мебошад.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода дар шашмоҳаи аввали соли 2023-юм 7 шахси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир карда шудаанд, ки ин ҳам нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 2 нафар зиёд мебошад.

Тавре ӯ иброз дошт, содир кардани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат ҳам дар семоҳаи аввали соли равон ба қайд гирифта шудаанд.

“Дар се моҳи аввали соли равон 308 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар хориҷи кишвар дастгир шудаанд”, – гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.

Ӯ афзуд, ки аз ин теъдод шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 90 кг маводи мухаддир дар хориҷи кишвар мусодира шудааст.

"Аз ин шаҳрвандон 287 нафар бо наздики 50 кг маводи мухаддир дар қаламрави Русия дастгир шудаанд", – гуфт Воҳидзода.

Дигар шаҳрвандони Тоҷикистон бо содир кардани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастгир шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.