Сомон Маҳмадбеков дар Hungary Masters-2023 иштирок намекунад. Ба ӯ раводид надоданд

Date:

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (81 кг) дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 иштирок карда наметавонад. Ба ӯ бидуни шарҳи сабаб додани раводидро рад карданд. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Мусобиқаи мазкур пагоҳ, 4 август дар Будапешт (Маҷористон) оғоз гардида, то рӯзи 6 июл идома меёбад.

Тибқи қоидаҳо, дар Hungary Masters-2023 варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи на поинтар аз 36-ум қарор доранд.    

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

дар вазни 60 кг Эмомалии Нуралӣ,

– 66 кг Обид Ҷебов,

– 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода,

– 90 кг Комроншоҳи Устопириён,

+ 100 кг Темур Раҳимов.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои инфиродӣ ғолибон дар ҳамаи 4 вазн бо 6 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра  – бо 4 ҳазор евро ва зинаи 3-юм – бо 2 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарони метавонанд ба холҳо барои беҳтар намудани мавқеи худ дар радабандиҳои ҷҳонӣ ва олимпӣ соҳиб шаванд. Ғолибон 1800 хол, зинаи 2-юм – 1260 хол ва ҷойи 3-юм- 900 хол мегиранд.

Ба ҷуз варзишгарони тоҷик, дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 намояндагони 58 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...