Сомон Маҳмадбеков дар Hungary Masters-2023 иштирок намекунад. Ба ӯ раводид надоданд

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (81 кг) дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 иштирок карда наметавонад. Ба ӯ бидуни шарҳи сабаб додани раводидро рад карданд. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод. Мусобиқаи мазкур пагоҳ, 4 август дар Будапешт (Маҷористон) оғоз гардида, то рӯзи 6 июл идома меёбад. […]

Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (81 кг) дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 иштирок карда наметавонад. Ба ӯ бидуни шарҳи сабаб додани раводидро рад карданд. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Facebook ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков хабар дод.

Мусобиқаи мазкур пагоҳ, 4 август дар Будапешт (Маҷористон) оғоз гардида, то рӯзи 6 июл идома меёбад.

Тибқи қоидаҳо, дар Hungary Masters-2023 варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар зинаи на поинтар аз 36-ум қарор доранд.    

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

дар вазни 60 кг Эмомалии Нуралӣ,

– 66 кг Обид Ҷебов,

– 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода,

– 90 кг Комроншоҳи Устопириён,

+ 100 кг Темур Раҳимов.

Фонди ҷоизавии мусобиқа 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои инфиродӣ ғолибон дар ҳамаи 4 вазн бо 6 ҳазор евро, дорандагони медалҳои нуқра  – бо 4 ҳазор евро ва зинаи 3-юм – бо 2 ҳазор евро мукофтпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ҳамчунин дар ин мусобиқа варзишгарони метавонанд ба холҳо барои беҳтар намудани мавқеи худ дар радабандиҳои ҷҳонӣ ва олимпӣ соҳиб шаванд. Ғолибон 1800 хол, зинаи 2-юм – 1260 хол ва ҷойи 3-юм- 900 хол мегиранд.

Ба ҷуз варзишгарони тоҷик, дар мусобиқаи Hungary Masters-2023 намояндагони 58 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.