Русия гумонбар ба куштори 22 нафарро, ки 30 сол пеш содир шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод мекунад

Asia-Plus

Прокуратураи генералии Русия дархости Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёраш додани Юсуф Солеҳовро, ки ба даст доштан дар куштори оммавӣ дар Сарбанд ҳанӯз аввали солҳои 90-ум гумонбар дониста мешавад, қонеъ кард. Пас аз содир намудани ҷиноят ин мард дар қаламрави Русия пинҳон шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Ба иттилои ин ниҳод, дар Тоҷикистон нисбат ба Солеҳов доир ба даст доштани ӯ дар куштори 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, 14 октябри соли 1992 ӯ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо мақсади дуздии амвол ба хоане даромада, аъзои ин хонаводаро аз автомат мепаронад ва сипас ба рӯи ҷасадҳо бензин пошида, онҳоро оташ мезанад.

“Ба ду нафар муяссар мешавад, ки зинда монанд. Ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса бо автмашинаи ҷабрдидагон мераванд. Минбаъд Солеҳов қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, муддати тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави Русия пинҳон шудааст”, – гуфтааанд дар Прокуратураи генералӣ.

Моҳи марти соли гузашта суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани ин мардро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шуд. Пас аз боздошт ҷониби Русия дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дар бораи ба ихтиёрашон додани ӯ қонеъ кард.

Дар хабар гуфта мешавад, қарор дар бораи истирдод ҳукми қонунӣ гирифта, ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дастур дода шудааст, ки ба ихтиёри Тоҷикистон додани айбдоршавандарои амалӣ кунад.

Маълум нест, ки чаро чунин ҷинояти даҳшатноки 30 сол пеш содиргардида танҳо акнун мавриди таваҷҷуҳи хоссаи низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудааст.

Тавре ки дар хабари Прокуратураи генералии Русия зикр мешавад, 10 марти соли 2022 суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани Солеҳовро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгард эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...