Русия гумонбар ба куштори 22 нафарро, ки 30 сол пеш содир шуда буд, ба Тоҷикистон истирдод мекунад

Прокуратураи генералии Русия дархости Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёраш додани Юсуф Солеҳовро, ки ба даст доштан дар куштори оммавӣ дар Сарбанд ҳанӯз аввали солҳои 90-ум гумонбар дониста мешавад, қонеъ кард. Пас аз содир намудани ҷиноят ин мард дар қаламрави Русия пинҳон шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Русия. Ба иттилои ин ниҳод, дар […]

Прокуратураи генералии Русия дархости Тоҷикистон дар бораи ба ихтиёраш додани Юсуф Солеҳовро, ки ба даст доштан дар куштори оммавӣ дар Сарбанд ҳанӯз аввали солҳои 90-ум гумонбар дониста мешавад, қонеъ кард. Пас аз содир намудани ҷиноят ин мард дар қаламрави Русия пинҳон шуда буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Русия.

Ба иттилои ин ниҳод, дар Тоҷикистон нисбат ба Солеҳов доир ба даст доштани ӯ дар куштори 22 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, 14 октябри соли 1992 ӯ ҳамроҳи ҳаммаслаконаш бо мақсади дуздии амвол ба хоане даромада, аъзои ин хонаводаро аз автомат мепаронад ва сипас ба рӯи ҷасадҳо бензин пошида, онҳоро оташ мезанад.

“Ба ду нафар муяссар мешавад, ки зинда монанд. Ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса бо автмашинаи ҷабрдидагон мераванд. Минбаъд Солеҳов қаламрави Тоҷикистонро тарк карда, муддати тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави Русия пинҳон шудааст”, – гуфтааанд дар Прокуратураи генералӣ.

Моҳи марти соли гузашта суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани ин мардро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгарди байнулмилалӣ эълон шуд. Пас аз боздошт ҷониби Русия дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистонро дар бораи ба ихтиёрашон додани ӯ қонеъ кард.

Дар хабар гуфта мешавад, қарор дар бораи истирдод ҳукми қонунӣ гирифта, ба Хадамоти федералии иҷрои ҷазо дастур дода шудааст, ки ба ихтиёри Тоҷикистон додани айбдоршавандарои амалӣ кунад.

Маълум нест, ки чаро чунин ҷинояти даҳшатноки 30 сол пеш содиргардида танҳо акнун мавриди таваҷҷуҳи хоссаи низоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шудааст.

Тавре ки дар хабари Прокуратураи генералии Русия зикр мешавад, 10 марти соли 2022 суди шаҳри Бохтар ба ҳабс гирифтани Солеҳовро иҷоза дода, ӯ мавриди пайгард эълон шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.