873 вакили дифоъ барои беш аз 10 млн нафар. Кам нест?

Дар Тоҷикистон айни ҳол 873 вакили дифоъ фаъолият доштаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна 1 вакили дифоъ барои беш аз 11 ҳазор нафар хидмат мекунад. Вазир мегӯяд, ки оид ба норасоии вакилони дифоъ дархосте ворид нашудааст. Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар Тоҷикистон айни ҳол 873 вакили дифоъ фаъолият […]

asia+, asia+

Дар Тоҷикистон айни ҳол 873 вакили дифоъ фаъолият доштаанд. Яъне, ба ҳисоби миёна 1 вакили дифоъ барои беш аз 11 ҳазор нафар хидмат мекунад. Вазир мегӯяд, ки оид ба норасоии вакилони дифоъ дархосте ворид нашудааст.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар Тоҷикистон айни ҳол 873 вакили дифоъ фаъолият мекунанд.

873 вакили дифоъ барои беш аз 10 млн нафар, ин тахминан 1 вакили дифоъ барои беш аз 11 ҳазор нафар мебошад. Оё ин кам нест? Маъмулан, дар кишварҳои дорои институти қавии адвокатура барои 4 ҳазор аҳолӣ 1 вакили дифоъ рост меояд.

Музаффар Ашуриён гуфт, то ҳол аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ оид ба камбудӣ ё норасоии вакилони дифоъ дархост ворид нашудааст.

“Аксари вакилони дифоъ дар кишвар кормандони собиқи мақомоти қудратӣ, махсусан додситонӣ ва додрасҳо ҳастанд. Пас аз он ки ба нафақа мебароянд, корро дар ин соҳа оғоз мекунанд. Онҳо он қадар мушкилот дар касбият надоранд, танҳо баъзе талаботи қонунгузорӣ аст, ки агар онҳо онро риоя накунанд, ба онҳо мақоми адвокатӣ дода намешавад”, – гуфт Музаффар Ашуриён.

Бояд гуфт, ки тар Тоҷикистон вакилони дифоъ мақоми адвокатӣ ва ё метавон гуфт, иҷозаи корро аз вазорати адлия дастрас мекунанд ва вазифадоранд, ки аз санҷиши ин ниҳод гузаранд.

Худи вакилони дифоъ мегӯянд, сол аз сол кори онҳо дар Тоҷикистон душвортар мешавад ва нафаре, ки ҳимояи парвандаҳои “ҷиддӣ”-ро ба дӯш мегирад ё зери фишор мемонад ё ҳамтақдири вакилони дифоъе мешавад, ки ба зиндон рафтанд ё кишварро тарк карданд.

Коршиносон мегӯянд, нақши вакилони дифоъ дар ҷомеа пас аз соли 2015, баъди тағйирот дар қонун “Дар бораи адвокатура” камранг шуд ва “миёни адвокатураи тоҷикро шикаст”.

Он замон бархе аз вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони “гапнодаро” ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадо аст.

Дар пайи қабули қонуни нав дар бораи адвокатура комиссияи тахассусии санҷиши адвокатҳо таъсис ёфт ва ба навъе “полоиш”-и вакилони дифоъро шурӯъ кард. Ҳамчунин, баъди ин вакилони дифоъ ҳар панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд. Натиҷаи ҳамин санҷиш буд, ки теъдоди вакилони дифоъ дар кишвар аз 1200 нафар дар 2015 то 600 нафар дар соли 2017 коҳиш ёфт.

Ба гуфтаи масъулин, ин тағйирот “ба хотири ҷалби бештари мутахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришвахорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила, таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи додгоҳӣ” мебошад.

Инчунин, бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд.

Дар линки мазкур ба сарнавишти маъруфтарин вакилони дифои тоҷик, ки дар солҳои ахир чеҳраи хабарии расонаҳо ва баҳсҳои сиёсиву ҳуқуқибашарӣ буданд, шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.