Раиси “Амонатбонк” сабаби ифшо нагардидани маълумот доир ба ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷиронро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маълумоти оморӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аллакай якчанд сол аст, ки бурда намешавад, хабар дод роҳбари КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотии рӯзи 8 август.

Ба гуфтаи Икромӣ, ин кор барои он мушкил шуд, ки тарзҳои гуногуни интиқоли ин маблағҳо рӯйи кор омаданд.

“Пештар ин маблағҳо унвонӣ ирсол мешуданд ва мо медонистем, ки ин аз муҳоҷирон аст. Ҳозир пул аз телефон ба телефон, аз корт ба корт гузаронида шуда, муайян кардан душвор аст, ки ин маблағи соҳибкорон аст ё муҳоҷирон”, – шарҳ дод ӯ.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон дар давоми аллакай зиёда аз 10 сол аз пешниҳоди маълумот ба рӯзноманигорон дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад.

Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов ҳанӯз соли 2013 дар ин робита изҳор дошта буд, ки «ман доир ба интиқоли маблағҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад».

Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумот додан дар бораи бар асоси кадом санадҳои қонунгузорӣ қабул шудани ин қарорро рад кард.

Раиси собиқи дигари Бонки миллии ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода соли 2019 аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба пули муҳоҷирон таваҷҷуҳи хосса зоҳир накунанд.

“Биёед ба пули муҳоҷирон бисёр таваҷҷуҳ намекунем. Магар иқтисолди мо ба ҷуз пули муҳоҷирон дигар ҳеҷ чиз надорад”, – савол ба миён гузошта буд ӯ.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон қаблан ҳар семоҳа дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр мешуд. Аммо аз соли 2022 ин маълумот бо сабабҳои номаълум чоп намешавад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирон аз ҷониби баъзе ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ба нашр мерасид, лекин бо таъхири хеле зиёд.

Ба ин тариқ, маълумот дар бораи интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик дар соли 2022 моҳи июни соли ҷорӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ нашр шуд. Дар гузориши ин ниҳод дар бораи иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад, соли гузашта ҳаҷми ин маблағҳо 5,2 млрд долларро ташкил додааст, ки ба 49%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...