Кумитаи рушди сайёҳӣ: Ҳар як сайёҳ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200-250 доллар сарф мекунад

Вуруди сайёҳони хориҷӣ дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи беш аз 34% афзудааст. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 628 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд. “Дар муқоиса бо ҳамин […]

Вуруди сайёҳони хориҷӣ дар зарфи 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи беш аз 34% афзудааст.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод имрӯз, 9 август зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 628 ҳазор нафар ба Тоҷикистон омадаанд.

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ин нишондиҳанда 181 ҳазору 867 нафар зиёдтар аст. Аз ин шумор 487 ҳазору 403 нафарашон сайёҳон мебошанд, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 124 ҳазор нафар ё худ 34,2% зиёдтар мебошад. Ҳудуди 34 ҳазор нафар аз кишварҳои хориҷи дур ва боқимонда зиёда аз 453 ҳазор нафар аз кишварҳои ИДМ омадаанд”, – хабар дод Муминзод.

Ба панҷгонаи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон зиёдтар ба Тоҷикистон омадаанд, Ӯзбекистон (беш аз 368 ҳазор нафар), Русия (ҳудуди 65 ҳазор), Қазоқистон, Туркия ва Чин шомил шудаанд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчунин хабар дод, ки мувофиқи ҳисобҳо, ҳар як сайёҳ  дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 200-250 доллар сарф мекунад.

Бо назардошти ин нишондиҳанда, метавон гуфт, ки дар соли 2022 даромад аз сайёҳӣ зиёда аз 250 млн доллар ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳоло тибқи маълумоти тасдиқношуда – 100 млн долларро ташкил додааст.

Ба гуфтаи Камолиддин Муминзод, дар Тоҷикистон панҷ сол инҷониб Стратегияи рушди сайёҳӣ дар давраи то соли 2030 амалӣ мешавад.

Он аз се марҳила иборат аст: давраи рушди босуръат (2019-2022), анҷоми саноатикунонии босуръат (2023-2026) ва тақвияти иқтидор барои рушд бар асоси донишҳо ва инноватсияҳо (2027-2030).

Тайи 5 соли татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ беш аз 3,9 млн нафар аз Тоҷикистон боздид карданд. Соли гузашта 999,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки 3,4 баробар ё худ 703 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

То охири соли равон аз вуруди беш аз 1 млн нафар меҳмонони хориҷӣ интизорӣ меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.