Тоҷикистон ба бахши сайёҳӣ 100 млн доллар маблағгузорӣ мекунад. Интизорӣ чист?

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Солҳои наздик дар доираи 4 лоиҳаи нав Тоҷикистон ба бахши сайёҳӣ зиёда аз 100 млн доллар маблағгузорӣ ҷалб мекунад.

Нимсолаи аввали соли 2023 аз ҷониби машваратчиёни байнулмилалии Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ ва Нақшаи рушди устувори сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2030 омода шудааст.

Дар ин бора рӯзи 9 август зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Камолиддин Муминзод хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин миёни ширкатҳои консалтингӣ барои таҳияи ду нақшаи генералии рушди сайёҳӣ – якумаш дар Душанбе ва гирду атрофи он ва дуюмаш дар Панҷакент ва кӯҳҳои Фон озмун эълон шудааст.

Бар асоси онҳо 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 100 млн доллар таҳия мешаванд. Барои амалисозии лоиҳаи аввал, ки аз соли 2025 оғоз мегардад, Бонки осиёии рушд ба сифтаи грант 45 млн доллар ҷудо мекунад.

Айни замон дар соҳаи сайёҳӣ лоиҳаи рушд бо маблағгузорӣ аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба маблағи 10 млн доллар амалӣ мешавад. Дар доираи лоиҳа нақшаи комплексии рушди сайёҳӣ бо шумули таҳлили талабот дар бозор ва таҳияи харитаҳои малакаҳо, инчунин таҳкими имконоти ниҳодӣ дар бахши сайёҳӣ омода мешавад.

Лоиҳа ба кишвар ҳамчунин дар таҳияи Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ, ки омили стратегӣ барои рушд ва мониторинги бахш мебошад, кумак мекунад.

Низоми ёрирасони омори сайёҳӣ дар бораи ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, шуғл дар сатҳи миллӣ ва сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ; робитаи сайёҳӣ бо воридоти софи асъор; ҳиссаи навъҳои гуногуни сайёҳӣ дар баробари даромади марбута ва тақсими хароҷот ба сайёҳӣ маълумот медиҳад.

Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳа соли 2023 ба итмом расад.

Лоиҳаи дуюм қисмате аз лоиҳаи рушди иқтисоди деҳот дар Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дар ҳаҷми 30 млн доллар маблағгузорӣ мешавад, ки 15,7 млн доллари он ба рушди сайёҳӣ равона мегардад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби МД ”Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”-и Вазорати молияи ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа масоили вобаста ба рушди зерсохтори сайёҳӣ, аз ҷумла ба сатҳи байнулмилалӣ расонидани мавзеи таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнуъгоҳи Қалъаи Ҳулбук ва Ячмун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд, нуқтаҳои қабул барои сайёҳон, мағозаи фурӯши армуғонҳо (туҳфаҳо) ва дигар зерсохтори сайёҳӣ баррасӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...