Додгоҳи марҳалаи назоратӣ ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатиро бетағйир гузошт

Додгоҳи марҳалаи назоратии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ин рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар дод. Абдулоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми […]

Додгоҳи марҳалаи назоратии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми 7,5 соли зиндони Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷикро бетағйир гузоштааст. Дар ин бора Дилафрӯз Самадова, вакили дифои ин рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Абдулоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябри соли гузашта бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гунаҳкор ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба 7 солу 6 моҳ равонаи зиндон гардида буд.

Қаблан, додгоҳи марҳалаи кассатсионии шаҳри Душанбе ҳам ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро нисбати ин рӯзноманигори тоҷик бетағйир гузошта буд.

Дилафрӯз Самадова гуфт, мурофиаи марҳалаи назоратӣ рӯзи 14-уми июли соли равон баргузор гардид ва талаби онҳо ин буд, ки ҳукми додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур нисбати Абдуллоҳ Ғурбатӣ бекор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ қатъ гардад.

“Дар шикояти назоратии пешниҳодшуда як қатор далелҳо, аз ҷумла хулосаҳои ташхис, ки асос барои қабул кардани ҳукми айборкунанда нисбати Ғурбатов А. (Абдуллоҳ Ғурбатӣ-аз идора) гашта буд, манзур карда шуд. Ин хулосаҳо бо вайрон намудани қонуни мурофиавӣ ва қонуни соҳавӣ дар бораи экспертизаҳои судии давлатӣ ба парвандаи ҷиноятӣ ҳамроҳ карда шуда буданд. Ба суди марҳилаи якум зарур буд, ин хулосаҳоро тибқи талаботи моддаи 88.1 Кодеки мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон далели ғайриқобили қабул эътироф намуда, ба асоси айбдоркунии Ғурбатов А. истифода набарад”, – гуфт Дилафрӯз Самадова.

Ӯ гуфт, вале додгоҳи марҳилаи назоратӣ ваҷҳои пешниҳодкардаи онҳоро рад кардааст.

Ин вакили дифоъ афзуд, нақша доранд, бо шикояти назоратӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.

Дар ҳамин ҳол, Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “дар ҳолати қонеъ нашудани шикояти назоратӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон нақша доранд, ки аз механизми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон истифода карда, ба Созмони Миллали Муттаҳид муроҷиат  кунанд”.

Номбурда афзуд, барои исботи бегуноҳии шавҳараш ва бекор кардани ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур то охирин зинаҳои судӣ шикоят мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони маҳкумшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогер ва рӯзноманигори дигари маҳкумшудаи тоҷик ба додситони ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Мурофиҳои додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намуда буд, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ се рӯзноманигори дигари тоҷик – Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.