Ҳудуди 70%-и маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ кумаки бебозгашт аст

Date:

Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки маблағи умуииашон 49,1 млрд сомонӣ (4,5 млрд долла)-ро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 август муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода.

Аз ҷумла, 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ, инчнуин 28 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грант + қарзҳо) амалӣ мешавад.

Зиёда аз 33 млрд сомонӣ (3,2 млрд доллар) ё худ 67,3%-и маблағ барои татбиқи ин лоиҳаҳо кумаки бебозгашт буда, 14,6 млрд сомонӣ (1,3 млрд доллар) ё худ 29,7%-ашон – қарз, 1,3 млрд сомонӣ (120 млн доллар) ё худ 2,6%-аш – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва аз дигар сарчашмаҳо аст.

Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ (наздики 300 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ба маблағи 736,1 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 86,6 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 649,6 млн доллараш – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...