Ҳудуди 70%-и маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ кумаки бебозгашт аст

Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки маблағи умуииашон 49,1 млрд сомонӣ (4,5 млрд долла)-ро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 август муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода. Аз ҷумла, 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ, инчнуин 28 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грант + […]

Дар Тоҷикистон 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки маблағи умуииашон 49,1 млрд сомонӣ (4,5 млрд долла)-ро ташкил медиҳад, хабар дод зимни нишасти матбуотии рӯзи 10 август муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода.

Аз ҷумла, 50 лоиҳаи грантӣ, 4 лоиҳаи қарзӣ, инчнуин 28 лоиҳа бо маблағгузории омехта (грант + қарзҳо) амалӣ мешавад.

Зиёда аз 33 млрд сомонӣ (3,2 млрд доллар) ё худ 67,3%-и маблағ барои татбиқи ин лоиҳаҳо кумаки бебозгашт буда, 14,6 млрд сомонӣ (1,3 млрд доллар) ё худ 29,7%-ашон – қарз, 1,3 млрд сомонӣ (120 млн доллар) ё худ 2,6%-аш – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва аз дигар сарчашмаҳо аст.

Азхудкунии маблағҳо дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда дар нимсолаи аввали соли 2023 ҳудуди 3,3 млрд сомонӣ (наздики 300 млн доллар)-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 6 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ба маблағи 736,1 млн доллар сармоягузории хориҷӣ ворид шудааст, ки 86,6 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 649,6 млн доллараш – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.