Афғонистон 28 млн доллар қарзашро аз барқ ба Тоҷикистон пардохт

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳаҷми содироти неруи барқ аз Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 85,3 млн доллар кам шуда, 971,2 млн кВт/соатро ташкил дод, хабар дод имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси ширкати “Барқи тоҷик” Абдулло Қурбонзода.

Бино ба маълумоти ӯ, харидорони асосии барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда Афғонистон ва Ӯзбекистон мебошанд.

Соли 2023 ба Афғонистон дар ҳаҷми 682 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон – 289 млн кВт/соат неруи барқ фурӯхта шуд.

Ба гуфтаи Қурбонзода, имрӯз ширкати электроэнергетикии «Da Afghanistan Breshna Sherkat» (DABS) ба ширкати “Барқи тоҷик” дигар қарздор нест.

Соли гузашта Афғонистон барои истифодаи барқ аз Тоҷикистон 28 млн доллар қарздор буд.

Пардохт нашудани қарз ба мушкилоти интиқоли пул аз суратҳисобҳои ширкат дар Афғонистон вобаста буд.

Дар бораи ҷузъиёти чӣ гуна роҳи ҳалли худро пайдо кардани пардохти қарз, дар ширкати “Барқи тоҷик” хабар надоданд.

Қобили зикр аст, ки  дар мавсими баҳору тобистон барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 9-9,5 млн кВт/соат ва Ӯзбекистон – 6-6,5 млн кВт/соат ва дар мавсими тирамоҳу зимистон дар ҳаҷми начандон зиёд – шабонарӯзӣ 30-40 мегаватт-соат интиқол дода мешавад.

Ба ин тариқ, ҳатто дар сурати камбуди барқ дар дохили ҷумҳурӣ, Тоҷикистон ба интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя идома медиҳад. “Ин барои аз даст надодани бозор ва корношоям нагардидани таҷҳизот анҷом дода мешавад”, – шарҳ доданд дар ширкати “Барқи тоҷик”.

Ғайр аз ин, бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисод ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҳаҷми 2 млрд 762,2 млн кВт/соат неруи барқ харида шудааст, ки 131 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10 млрд 653,3 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 341,2 млн кВт/соат зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад ва суръати афзоиши он 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳамаи неруҳои барқи обии шомили ширкати “Барқи тоҷик” 7 млрд 868,6 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Иловатан дар НБО “Сангтӯда-1” 1 млрд 385,5 млн кВт/соат, НБО “Роғун” – 963,7 млн кВт/соат ва НБО “Сангтӯда-2” – 435,5 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...