Вазир қазияҳои пурсарусадои рабуда ва куштани бонкиру омӯзгори донишгоҳро аз сӯи кормандони пешини ВКД шарҳ дод

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷиикистон қазияҳои пурсарусадои рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ва як омӯзгори донишгоҳро аз сӯи кормандони пешин ва феълии ВКД шарҳ дод ва гуфт, яке аз мансабаш сӯистифода накардаву дар қазияи дуввум, ду корманди собиқ, ки ҳанӯз соли 2013 аз мақомот озод шуда буданд, фаъолона ширкат доштанд. Ӯ, […]

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷиикистон қазияҳои пурсарусадои рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” ва як омӯзгори донишгоҳро аз сӯи кормандони пешин ва феълии ВКД шарҳ дод ва гуфт, яке аз мансабаш сӯистифода накардаву дар қазияи дуввум, ду корманди собиқ, ки ҳанӯз соли 2013 аз мақомот озод шуда буданд, фаъолона ширкат доштанд.

Ӯ, ки имрӯз, 11-уми август дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар қазияи рабуда ва кушта шудлани Шуҳрат Исматуллоев гуфт, аз тарафи ҷинояткороне, ки аллакай дастгир шудаанд рабуда ва баъдан ба қатл раоснидани Шуҳрат Исматуллоев пурра исбот гардид.

Номбурда гуфт, чанде аз аъзоёни гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир шуда, чандеи дигар дар хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, ки барои боздошту ба кишвар оваадани онҳо чораҷӯӣ идома дорад.

Вазири корҳои дохилӣ тасдиқ намуд, ки ду нафар кормандони пешини ВКД, ки солии 2013 барои қонунвайронкунӣ аз мақомот озод шуда буданд, дар ин ҷиноят фаъолона ширкат доштанд.

Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани Дилшод Саидмуродов муқаллаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ”, ки гуфта мешавад сардори гурӯҳи ҷиноятӣ дар рабуда ва куштани муовини “Ориёнбонк” ва яке аз кормандони пешини ВКД аст, рад кард ва гуфт, Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.

Бояд гуфт, ки Дилшод Саидмуродовро мақомоти Тоҷикистон саркардаи гуруҳи ҷиноие медонанд, ки Шуҳрат Исмадуллоевро рабудаанд. Ба қавли мақомот, ӯ гуруҳи ҷиноиро роҳбарӣ карда, пас аз рабудану ба қатл расонидани бонкир ба Русия фирор кардааст.

Вақтҳои охир дар расонаҳо хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё Дилшод Саидмуродов пас аз фирор ба ҳайати “Вагнер” пайваста, талош дорад “баталйони тоҷикӣ” таъсис диҳад.

Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз  электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.

Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Ҷинояткорон 25 июн ба  Туркия ва 30 июн ба  Молдова фирор намудаанд.

Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров, яке аз гумонбарони рабуда ва куштани Исматуллоев бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.

Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.

Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Ин ниҳод гуфтааст, то ҳол дар доираи тафтишот шахсияти роҳбар ва 15 аъзои гуруҳи муташаккил муайян карда шуда, 13 нафари онҳо дастгир ва ба ҳабс гирифта шудаанд.

Рамазон Раҳимзода қазияи пурсарусадои рабуда ва куштани Исмоилҷон Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон аз сӯи Акмал Юсуфзода, ёвари сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, маъруф ба “УБОП”-ро шарҳ дод.

Ӯ тасдиқ кард, ки Юсуфзода корманди ВКД буд, “аз ваколатҳои мансабӣ сӯйистифода накардааст ва ҳодиса дар пайи муноқишаи оилавӣ ба миён омадааст”.

Вазир аз ироаи бештари маълумот худдорӣ кард ва ваъда дод, ки пас аз анҷоми тафтишот, тавзеҳи бештар хоҳад дод.

Бояд гуфт, ки ба итттилои Додситонии кулли кишвар Исмоилҷон Раҳмонов, муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ду моҳ пештар аз сӯйи Акмал Юсуфзода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва як ҳаммаслаки ӯ, ки гуфта мешавад, хешу табораш аст, рабуда, ба дарё партофта шудааст. Ҷасади муаллим то ҳол пайдо нашудааст.

Акмал Юсуфзода ва ҳамроҳи ӯ боздошт шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.