Захираҳои тиллову асъори Бонки миллии Тоҷикистон алҳол аз сатҳи зарурӣ зиёдтаранд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) то охири нимсолаи якуми соли равон 6,9 моҳи сатҳи рӯйпӯши воридотро ташкил медиҳанд, хабар дод раиси БМТ Ҳоким Холиқзода зимни нишасти матбуотии имрӯза.

Ҳаҷми миёнаи моҳонаи воридоти Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Агентии омор, 456 млн долларро ташкил додааст.

Холиқзода зикр кард, ки қисмате аз ин захираҳо агар лозим шавад, ба дастгирии қурби асъорӣ миллӣ равона гардида, зимни зарурат захираҳои мазкур аз ҳисоби харидҳо дар бозорҳои дахлдор зиёд карда мешаванд.

Ба сурати умум, таъкид дошт ӯ, захираҳои байнулмилалии БМТ аз меъёрҳои кифоят, ки барои кишварҳои сатҳи рушди Тоҷикистон муайян шудаанд (кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта бо сатҳи даромади пасттар аз миёна, – эзоҳи муаллиф), зиёд мебошанд.

Қаблан аввали моҳи апрели соли равон Холиқзода хабар дода буд, ки 86%-и захираҳои байнулмилалии БМТ-ро қисмати асъор бо шумули Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ – воситаи захиавӣ ва пардохтии Хазинаи байнулмилалии асъор ташкил медиҳад.

Ӯ таъкид дошта буд, ки ба сохтори захираҳои байнулмилалӣ соли гузашта инчунин евро ва юани Чин шомил гардиданд.

Ба гуфтаи Холиқзода, тиллои монетарӣ (пулӣ) дар захираҳои Бонки миллӣ 12% ва сандуқи сармоягузории хориҷӣ – 2%-ро ташкил медиҳад.

Дар гузориши аввали моҳи июл нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ гуфта мешавад, вуруди ҳаҷми зиёди асъор ба Тоҷикистон аз ҳисоби интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба афзоиши захираҳои тиллову асъори кишвар мусоидат кард.

Зикр шуд, ки дар соли 2022 ҷумҳурӣ ин захираҳоро ба андозаи 37% – “тақрибан то 3,8 млрд доллар” зиёд кард.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари Бонки миллӣ, Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъори худиро дар ихтиёр дорад.

Қисмати асъори захираҳои байнулмилалии кишвраҳои ҷаҳон аз ба истилоҳ “асъори захиравӣ” иборат аст. Мақоми асъори захиравиро Шӯрои мудирони Хазинаи байнулмилалии асъор медиҳад.

Айни замон доллари ИМА, евро, фунт стерлинг (GBP), франки швейтсарӣ (CHF), йенаи Ҷопон (JPY) ва юани Чин (аз соли 2015) чунин мақомро доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...