Ҷасади муаллиме, ки аз сӯйи подполковники ВКД дуздида шуда буд, то ҳол пайдо нагардидааст

Asia-Plus

Ҷасади муаллими Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ки ду моҳ  пеш аз сӯйи подполковники ВКД рабуда шуда буд, то ҳол пайдо нашудааст. Як ҷасаде, ки ҳангоми ҷустуҷӯ пайдо шудааст, ба муаллим тааллуқ надоштааст.

Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бояд гуфт, ки Исмоилҷон Раҳмонов, устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 12-уми июни соли 2023 аз ҷониби Акмал Юсуфзода, подполковники Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД, маъруф ба УБОП ва Исмоил Шукуров, як хеши ӯ рабуда шуд.

Додситонии кулли кишвар пас аз чанд рӯзи ҳодиса расман иттилоъ дод, ки “Юсуфзода А.Ҳ. шаби 12 июни соли 2023 соати 23:20 дақиқа аз ҳиссиёти рашк бо хешовандаш Шукуров И.М. устоди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Раҳмонов Исмоилҷон Қаҳоровичро дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, наздикии қурутобхонаи “Муслим” бо истифодаи зӯроварӣ ба автомашинаи хизматияш, ки тамғаи “Хундай Аксент”, рангаш сафед, аломати қайди давлатиаш 030UD01 мебошад, савор карданд. Онҳо  дастони муаллимро баста, дар километри 118 шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, воқеъ дар деҳаи Чореи ноҳияи Айнӣ бо мақсади ба қатл расонидан ӯро ба дарёи Фон партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.

Ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода, вазири корҳоли дохилӣ низ эътироф кард, ки нафари ин ҷиноятро содиркарда воқеан корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД буд.

Бо гузашти ду моҳ аз ин ҳодиса, додситони кулли кишвар мегӯяд, ки то ҳол ҷасади муаллимро наёфтаанд ва тафтишот идома дорад.

“Як ҷасадро пештар аз дарёи Зарафшон ёфтем ва ташхис муаллими донишгоҳ будани онро тасдиқ накард”, – гуфт Юсуф Раҳмон.

Дар ҳамин ҳол, наздикони Исмоил Раҳмонов аз он нигаронӣ доранд, ки бо гузашти муддати зиёд аз рабуда шудани ӯ, додситонӣ онҳоро ба парванда шинос намекунад.

Пайвандони ин муаллим ба расонаҳо гуфтаанд, ки чанд маротиба барои шинос шудан бо парванда ба Додситонии кул рафтаанд, аммо муваффақ нашудаанд.

“Дар ин бора хаттӣ ариза навиштем, ки аз ҷараёни тафтиши парванда моро огоҳ кунанд. Интизорем чӣ посух медиҳанд. То ҳол аз Исмоил ҳеҷ хабаре нест, зиёд мехоҳем донем, ки тафтишот чиро маълум кардааст”, – гуфтааст яке аз пайвандони Исмоил Раҳмонов, бо шарти ошкор нашудани номаш.

Бояд гуфт, ки аз ҳодисаи рабудани муаллими ДДТТ дар моҳи июни соли ҷорӣ аввалин шуда Радиои Озодӣ иттилоъ нашр намуд. Баъдан, бо гузашти чанде мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро расман тасдиқ карда, зикр намуданд, ки онро тафтиш доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...