Тоҷикистон барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи Арманистону Қирғизистонро меомӯзад

Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро меомӯзад, зеро вазъи иқтисодии ин ду давлат ба кишвари мо монандиҳо доштааст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ба таъкиди вазир, Гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо […]

Тоҷикистон барои шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро меомӯзад, зеро вазъи иқтисодии ин ду давлат ба кишвари мо монандиҳо доштааст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Ба таъкиди вазир, Гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо масъалаи мазкурро то ҳол омӯхта истодааст ва ҳар тасмими эҳтимоли воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО аз нуктаи назари манфиати иқтисодии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.

Баҳси воридшавии Тоҷикистон ба ИИАО, созмони зери назорати Русия  солҳост, ки идома дорад. Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқи Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст.

Аз ҷумла, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, рӯзҳои 5-6-уми июн дар Душанбе зимни суханрониаш дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия дубора аз бартариҳои узвияти эҳтимолии Тоҷикистон дар ИИАО лаб кушод.

Баъдан Шоҳин Самадӣ, сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон навишт, ки Душанбе “айни замон масъалаи узвияти эҳтимолиро дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) баррасӣ надорад”.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз фишорҳои охир болои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия низ маҷбур кардани Тоҷикистон барои шомил шудан ба ИИАО аст.

Вале чунин масъалагузориро имрӯз, 15-уми август дар нишасти матбуотӣ Сироҷиддин Муҳриддин нодуруст гуфт ва афзуд, ки бо назардошти сатҳи баланди муносибатҳои бисёрсамтаи мо бо Русия фишороварӣ ҷой дошта наметавонад.

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.