Давоми ним сол Тоҷикистон ба 85 шаҳрванди Афғонистон раводид додааст

Дар шаш моҳи соли равон Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон 85 раводид додааст. Бештари онҳо донишҷӯён ва онҳое будаанд, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон оиладор шудаанд. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод имрӯз, 15-уми август, гуфт, Тоҷикистон додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон, махсусан донишҷӯён қатъ накардааст. Вале  авзуд, ин раванд тартиб ва […]

Дар шаш моҳи соли равон Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон 85 раводид додааст. Бештари онҳо донишҷӯён ва онҳое будаанд, ки бо шаҳрвандони Тоҷикистон оиладор шудаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод имрӯз, 15-уми август, гуфт, Тоҷикистон додани раводидро ба шаҳрвандони Афғонистон, махсусан донишҷӯён қатъ накардааст.

Вале  авзуд, ин раванд тартиб ва муқарароти қонунии худро дорад, масалан, раводид барои донишҷӯёни афғон дар асоси дархости муассисаҳои таҳсилотии Тоҷикистон дода мешавад.

“Мо ҳамеша сайъ мекунем, ки шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвадони Афғонистон дар Тоҷикистон фароҳам бошад”, – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ӯ афзуд, дар баробари ин, ба даҳҳо шаҳрванди Афғонистон, ки дар хориҷи кишвар буданду барои эҳтиёҷот ба Тоҷикистон омаданд, раводид дода шуд.

“Статус”-и сафорат ва консулгарии Афғонистон: бояд аввал ҳукумат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шавад.

Зимнан, Сироҷиддин Муҳриддин дар мавриди “статус”-и сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ва консулгарии ин кишвар дар Хоруғ гуфт, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии ҳамаи кишварҳоро дар асоси уҳдадориҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонанд, ки дар асоси он намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии кишварҳои хориҷие ба қайд гирифта мешаванд, ки он кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд эътироф шуда бошад.

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ягона ниҳоди дипломатии ҳукумати пешини Афғонистон аст, ки фаъол аст ва бо баргузории ҳамоишҳои мухталиф аз амалкарди Толибон* дар ин кишвар интиқод мекунанд.

Ҳамчунин, дар Хоруғ консулгарии Афғонистон фаъол аст, ки зимистони соли гузашта зери тарма монд. Баъдан, бархе расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки намояндагони ҳукумати Толибон аз ин консулгарӣ дидан карданд ва бо мақомоти Тоҷикистон вохӯрданд. Тоҷикистон то ҳол ин хабарро тасдиқ ё рад накардааст.

Ёдовар мешавем, ки ду соли қабл, 15-уми августи соли 2021, гурӯҳи Толибон қудрат дар Афғонистонро ғасб карданд. Бо гузашти ду сол ҳукумати ин гурӯҳ то ба ҳол аз сӯи ҳеҷ кишвар ба расмият шинохта нашудааст.

Тоҷикистон аз камтарин ҳамсояҳои Афғонистон аст, ки ҳукумати Толибонро интиқод мекунад ва хостори ҳукумати ҳамашумул дар ин кишвар аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.