Қарзи давлатии Тоҷикистон дар ним сол 100 млн доллар кам шуд

То 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 31,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода. Аз ҷумла, зикр кард ӯ, қарзи хориҷӣ 3,2 млрд ва қарзи дохилӣ – 400 млн долларро ташкил дод. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

То 1 июли соли ҷорӣ ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки ба 31,1%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст, хабар дод зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода.

Аз ҷумла, зикр кард ӯ, қарзи хориҷӣ 3,2 млрд ва қарзи дохилӣ – 400 млн долларро ташкил дод.

Вазир бар ин назар аст, ки ҳаҷми қарзи давлатӣ дар сатҳи кофии қобили қабул қарор дорад. Ӯ таъкид дошт, ки мутобиқи стратегияи идоракунии қарзҳои давлатӣ, таносуби қарзи давлатӣ дар сатҳи 60%-и ММД хавфнок арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми қарзи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби коҳиши қарзи дохилӣ тақрибан 100 млн доллар кам шуд.

Ӯ зикр кард, ки ҳаҷми қарзи беруна дар давоми нимсолаи аввал қариб дар як сатҳ боқӣ монд.

“Тағйирот (дар қарзи хориҷӣ) соли оянда сурат мегиранд, вақте ки мо ба имзои созишномаҳои қарзӣ оид ба Роғун оғоз мекунем”, – гуфт ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки соли 2024 ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки оид ба ҷалби миллионҳо маблағи ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ барои идомаи сохтмони лоиҳаи неругоҳи “Роғун” созишномаҳо ба имзо мерасонад.

Қаҳҳорзода таъкид дошт, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ барои пардохти қарзи давлатӣ зиёда аз 155 млн доллар равона шуд.

Аз ҷумла, изҳор дошт ӯ, барои пардохти қарзи дохилӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҳудуди 369 млн сомонӣ (ҳудуди 34 млн доллар) ва қарзи хориҷӣ – зиёда аз 121 млн доллар ҷудо карда шуд.

Вазири молия гуфт, қарздиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии рушд маҳсуб меёбанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио