Боздошти 6 тоҷикистонӣ дар Қазоқистон барои рабудани ҳамватанашон

Asia-Plus

Дар Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо ба рабудани ҳамватанашон бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон хабар медиҳад.

«Дар Алмато шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба пулис хабар дод», – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи ин мард, дӯсташ рӯзи 13 август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.

“Дар ҷараёни амалиёти дастаи таъиноти махсуси пулис 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд. Онҳо ӯро лату кӯб намуда, онро дар видео ба навор мегирифтанд”, – гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти пулиси Алмато Жанат Нургалиев.

Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.

Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...