Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз Тоҷикистон бори дигар озодии Хуршед Фозиловро талаб кард

Asia-Plus

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ) аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозилов, рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷикро интиқод карда, бо нашри изҳороте аз Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар озодии ӯро талаб кардааст.

Карлос Мартинес де ла Серна, директори барномаҳои CPJ дар Ню-Йорк аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бетағйир гузоштани шикояти кассатсионии Хуршед Фозиловро ба чолиш кашида, гуфтааст, ки дар Тоҷикистон “додгоҳҳо рӯзноманигоронро ҷинояткор мебароранд”.

“Хуршед Фозилов дастикам ҳафтумин рӯзноманигори тоҷик аст, ки дар як соли ахир ба мӯҳлати тӯлонии зиндон маҳкум шудааст. Мақомот бояд Фозилов ва дигар журналистонро аз зиндон озод кунанд ва иддаои бо бадрафторӣ ба гуноҳ эътироф кардани онҳо ба таври ҳамаҷониба тафтиш карда шавад”, – омадааст дар изҳороти CPJ.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март Хуршед Фозиловро аз ҷои кораш дастгир карданд ва пас аз чанд рӯз бар зиддаш иттиҳом эълон шуд.

Рӯзи 26-уми майи соли 2023 Додгоҳи шаҳри Панҷакент дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд Хуршед Фозиловро ба гуноҳи узвият дар созмонҳои мамнӯъ  7 сол равонаи зиндон карда буд.

Вале худи Хуршед Фозилов, тавассути вакили дифоаш гуфта буд, ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надоштааст.

Пас аз ҳукм, пайвандон ва вакилони дифои рӯзноманигор ба зинаи кассатсионии Додгоҳи вилояти Суғд шикоят бурда буданд, аммо ахиран ин додгоҳ шикояти онҳоро дар мавриди бекор кардани ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент бетағйир гузошт.

Ҳоло маълум нест, ки наздикон ва вакилони дифои Хуршед Фозилов ба зинаҳои болоии додгоҳ боз шикоят мебаранд ва ё не.

Қаблан Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки ин рӯзноманигорро раҳо карда, ба таъқиби ҳама хабарнигорон хотима диҳад.

Аз ин пеш, Далери Имомалӣ, Абудуллоҳ Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, чор рӯзноманигори тоҷик айнан бо ҳамин ҷурм дастгир ва бо ҳукми додгоҳ аз 7 то 10 сол аз озоӣ маҳрум карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...