Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт бо пардохти 60 ҳазор сомонӣ аз толори додгоҳ озод шуд

Asia-Plus

Холмаҳмад Ортиқов, роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт, ки моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯйи Агентии зиддифасод бо ҷурми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, бо пардохти 60 ҳазор сомонӣ ҷарима аз толори додгоҳ озод шудааст. Дар ин бора Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дирӯз, 15-уми август, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати Холмаҳмад Ортиқов рӯзи 20-уми январ аз ҷониби ин Агентӣ бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд.

“Парвандаи ҷиноятии шаҳрванд Ортиқов комил гардида, ба суди ноҳияи Рашт пешниҳод ва бо ҳукми Суд ҷазои ҷарима ба миқдори 60 ҳазор сомонӣ тадбиқ карда шуд”, – гуфт Низомзода.

Бояд гуфт, ки моддаи 247, қисми 4, банди “б”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Қаблан Агентии зиддифасоди Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” дар робита ба дастгир гардидани Холмаҳмад Ортиқов, роҳбари дастгоҳи ин ноҳияи Рашт, аз боз шудани парванда хабар дода, дигар ҷузъиёти онро ошкор накарда буд.

Бояд гуфт, ки Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст ва аз соли 2017 то лаҳзаи боздошташ дар мансаби роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт кор мекард. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ), раиси ноҳияи Рашт ҳам бо гумони “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” дастгир шуда буд.

Моҳи майи соли равон раиси идораи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов ҳам бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва додани пора аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти кишвар дастгир шуд.

Он вақт дар иттилои мақомот гуфта мешуд, ки бо қаллобӣ ва миёнаравии Алимардон Ҷабборов танҳо дар давоми 4 моҳи соли 2023 ба чанд сокини ноҳияи Рашт қитъаҳои ғайриқонунии замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ба расмият дароварда шуд.

Алимардон Ҷабборов дар ин гузориши телевизионӣ даст доштанаш дар фурӯши заминҳоро эътироф карда, аз ҷумла гуфт, ки “ба ҳар сокини ноҳияи Рашт барои ҷудо кардани қитъаҳои замин ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ маслиҳат мекард”.

“Масалан, барои Ёров Раҳимҷон барои вобаста кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷамоати Нусратулло Махсум, Саломов Амриддин аз ҷамоати Қалъаи Сурх, Беков Иршод, сокини ҷамоати Ҷафр ва дигарон ман дар ивази 2 ҳазор сомонӣ имзои Раҳимҷон Муқимиро мегирифтам”, – иқрор мешуд раиси собиқи идораи замини Рашт.

Аммо баъдан Агентии зиддифасоди Тоҷикистон боздошти Раҳимҷон Муқимиро тасдиқ накард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...