Барои сохтмони бинои як қатор муассисаҳои давлатии Тоҷикистон иловагӣ 5,6 млн доллар ҷудо мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки барои сохтмони бинои як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ 61 млн сомонӣ (5,6 млн доллар) маблағ ҷудо кунад.

Дар ин хусус дар қарори ҳукумат аз 2 август, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, сухан меравад.

Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки ба сохтмони биноҳои Суди олӣ 5 млн сомонӣ, Вазорати адлия – 5 млн сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 15 млн сомонӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара – 30 млн сомонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Данғара – 6 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ин ҷо сари маблағгузории иловагӣ ба ин иншоот, ки аллакай дар пойтахт ва ноҳияи Данғара сохта шуда истодаанд, сухан меравад.

Ин маблағҳо ба ихтиёри МД "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи президент (фармоишгар) ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт дода мешаванд.

Маблағи Фонди мазкур ҳамасола аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани даромадҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ зиёд шуда, зимни зарурат ба иҷрои ин ё он фармоишҳои ҳукумат истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир дар ҷумҳурӣ сохтмони бузургмиқёси биноҳои нави маъмурии вазорату идораҳо ва муассисаҳо ҷараён дорад.

Сохтмони бисёре аз чунин иншоот ба итмом расида, аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баъзе аз дигар иншоот, аз ҷумла биноҳои дар боло зикргардида дар марҳилаи сохтмон қраор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...