Барои сохтмони бинои як қатор муассисаҳои давлатии Тоҷикистон иловагӣ 5,6 млн доллар ҷудо мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки барои сохтмони бинои як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ 61 млн сомонӣ (5,6 млн доллар) маблағ ҷудо кунад. Дар ин хусус дар қарори ҳукумат аз 2 август, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, сухан меравад. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки ба сохтмони биноҳои Суди олӣ […]

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия дастур дод, ки барои сохтмони бинои як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ 61 млн сомонӣ (5,6 млн доллар) маблағ ҷудо кунад.

Дар ин хусус дар қарори ҳукумат аз 2 август, ки дар портали иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, сухан меравад.

Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки ба сохтмони биноҳои Суди олӣ 5 млн сомонӣ, Вазорати адлия – 5 млн сомонӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 15 млн сомонӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара – 30 млн сомонӣ ва меҳмонхона дар ноҳияи Данғара – 6 млн сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ин ҷо сари маблағгузории иловагӣ ба ин иншоот, ки аллакай дар пойтахт ва ноҳияи Данғара сохта шуда истодаанд, сухан меравад.

Ин маблағҳо ба ихтиёри МД "Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи президент (фармоишгар) ва Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт дода мешаванд.

Маблағи Фонди мазкур ҳамасола аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани даромадҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ зиёд шуда, зимни зарурат ба иҷрои ин ё он фармоишҳои ҳукумат истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир дар ҷумҳурӣ сохтмони бузургмиқёси биноҳои нави маъмурии вазорату идораҳо ва муассисаҳо ҷараён дорад.

Сохтмони бисёре аз чунин иншоот ба итмом расида, аллакай мавриди истифода қарор гирифтаанд. Баъзе аз дигар иншоот, аз ҷумла биноҳои дар боло зикргардида дар марҳилаи сохтмон қраор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.