Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 3 нафар ғарқ шуданд

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи ғарқшавии одамон дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 20 август ҳангоми обгирӣ аз канал (наҳр)-и “ВД-3” бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ба об афтода, ғарқ шудааст.

“Ҷасади ӯ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дарёфт ва ба ихтиёри хешовандонаш дода шуд”, – хабар медиҳанд дар Кумита.

Ҳодисаи дигар дар қаламрави шаҳри Ваҳдат рух додааст. Шоми рӯзи 20 август сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3 ҳангоми оббозӣ дар канади байнидеҳавӣ ғарқ шудааст.

“Имдодгарони КҲФ таъҷилан ба ҷойи ҳодиса рафта, кофтуковро оғоз карданд. Корҳои ҷустуҷӯ қариб то нимашаб давом карда, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Субҳи имрӯз, 21 август корҳои ҷустуҷӯ барқарор шуданд”, – гуфтанд дар Кумита.

Боз як ҳодисаи нохуши дигар дар шимоли кишвар рух дод. Рӯзи 19 август сокини 59-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи наздикии шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли деҳаи Шинг (“Ҳафткӯл”) бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.

“Корҳои ҷустуҷӯи нафари ғарқшуда идома доранд”, – изҳор доштанд дар Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...