Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон 3 нафар ғарқ шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи ғарқшавии одамон дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст. Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 20 август ҳангоми обгирӣ аз канал (наҳр)-и “ВД-3” бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ба об афтода, ғарқ шудааст. “Ҷасади ӯ аз […]

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон се ҳодисаи ғарқшавии одамон дар обҳои кишвар ба қайд гирифта шудааст.

Тавре ки хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, рӯзи 20 август ҳангоми обгирӣ аз канал (наҳр)-и “ВД-3” бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ сокини 19-солаи деҳаи Рахшонзамини ноҳияи Данғара ба об афтода, ғарқ шудааст.

“Ҷасади ӯ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дарёфт ва ба ихтиёри хешовандонаш дода шуд”, – хабар медиҳанд дар Кумита.

Ҳодисаи дигар дар қаламрави шаҳри Ваҳдат рух додааст. Шоми рӯзи 20 август сокини 11-солаи деҳаи Ҷангалобод-3 ҳангоми оббозӣ дар канади байнидеҳавӣ ғарқ шудааст.

“Имдодгарони КҲФ таъҷилан ба ҷойи ҳодиса рафта, кофтуковро оғоз карданд. Корҳои ҷустуҷӯ қариб то нимашаб давом карда, лекин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Субҳи имрӯз, 21 август корҳои ҷустуҷӯ барқарор шуданд”, – гуфтанд дар Кумита.

Боз як ҳодисаи нохуши дигар дар шимоли кишвар рух дод. Рӯзи 19 август сокини 59-солаи деҳаи Хӯҷаи Панҷи наздикии шаҳри Панҷакент ҳангоми оббозӣ дар кӯли деҳаи Шинг (“Ҳафткӯл”) бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудааст.

“Корҳои ҷустуҷӯи нафари ғарқшуда идома доранд”, – изҳор доштанд дар Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.