400 млн доллар ва техника барои пойтахт. Натиҷаҳои сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин

Asia-Plus

Дар ҷараёни сафари расмии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии мардумии Чин дар маҷмӯъ 11 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар медиҳад сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон.

Аз ҷумла санадҳои зерин имзо шуданд:

— Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Пекин;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати мардумии шаҳри Ханҷоу;

— Лоиҳаи номаи табодулӣ оид ба ҷудо намудани кумаки молиявии Чин дар ҳаҷми 2 млн доллар барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар Маҷмааи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Лоиҳаи номаи табодулӣ оид ба таҳқиқи қаблии техникии лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» (Smart city)-и шаҳри Душанбе;

— лоиҳаи номаи табодулӣ дар бораи сохтмону азнавсозии роҳ ва 4 эстакадаҳои нав дар пойтахт, таъмиру азнавсозии гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу», азнавсозӣ ва сохтмони қитъаи роҳ аз деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнони ВМКБ то гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистону Чин «Кулма-Қаросу»;

— Санади супоридан ва қабули воситаҳои нақлиёти коммуналию сохтмонӣ, ки ба таври ройгон, ҳамчун кумак аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин дар доираи сафари Рустами Эмомалӣ ба Чин санадҳои ҳамкорӣ байни бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон ба имзо расиданд, ки маблағи умумии онҳо зиёда аз 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷараёни сафар ба Чин дар Донишгоҳи забон ва фарҳанги Пекин нимпайкараи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ифтитоҳ ва суханронӣ кард.

Дар шаҳри Ханҷоу Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё боздид намуд. Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри дар ҳамин шаҳр доир мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...