Фарқи байни маоши баландтарин ва пасттарин дар Тоҷикистон то 8 баробар афзуд

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир қариб 36% ва кормандони бахши кишоварзӣ – 20% зиёд шудааст. Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омор, аввалиҳо маоши аз ҳама баланд ва дуюмиҳо – аз ҳама пасттарро мегиранд. Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи хидматчиёни бонкӣ то аввали нимсолаи аввали соли […]

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир қариб 36% ва кормандони бахши кишоварзӣ – 20% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омор, аввалиҳо маоши аз ҳама баланд ва дуюмиҳо – аз ҳама пасттарро мегиранд.

Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи хидматчиёни бонкӣ то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5822 сомонӣ (532 доллар) расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021 маоши миёнаи онҳо 4291 сомониро ташкил медод.

Музди меҳнати кормандони бахши кишоварзӣ дар ин давра аз 597 сомонӣ то 719 сомонӣ (66 доллар) расидааст.

Ба ин тариқ, фарқият байни музди меҳнати кормандони бонкҳо ва кишоварзон дар муддати ду сол то 8 баробар афзудааст.

Маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли ҷорӣ 2227 сомонӣ (203 доллар) ва музди меҳнати ҳадди ақалл – 600 сомонӣ (55 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати номиналӣ – маблағи мушаххасе мебошад, ки корманд барои кораш мегирад. Аз маоши воқеӣ бо он фарқ мекунад, ки дар музди меҳнати воқеӣ таваррум (афзоии нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба молу хидматгузориҳо) ба инобат гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар сатҳи пасттарин қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Қазоқистон 807 доллар, Ӯзбекистон – 358 доллар ва Қирғизистон – 352 долларро ташкил додааст.

Дар бораи ҳаҷми музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистон маълумоти расмӣ дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.