“Бо ҳузури ду президент”. Дар Қазоқистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегардад

Asia-Plus

Аз 24 то 29 августи соли 2023 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон баргузор мегардад, ки дар ҷараёни баргузории он 110 нафар намояндаи аҳли фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷик ширкат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи консертӣ, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ баргузор мешавад, ҳунарпешагон Нозияи Кароматулло, Нигина Амонқулова, Шарофат Усмонова, Хақназар Аловатов, Ситораи Кароматулло, Фотима Машрабова ва гуруҳҳои рақсии “Зебо”, “Гулрез”, “Парасту”, “Ҷаҳоноро” ва “Лола”, ҳамчунин, ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон Каримӣ Ватанмир, Исмоил Назриев, Раҳматулло Ҳошимов, Маҳмадалӣ Аюбӣ, ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ, Ҷовидон Нозимов, Носир Сафарзода, Муҳаммадрафии Кароматулло ширкат меварзанд.

Дар доира ин чорабинӣ, 24-уми август дар шаҳри Остона, дар толори Холдинги миллии “QazBioPharm” мулоқоти аҳли илму адаби Тоҷикистону Қазоқистон  баргузор мегардад.

Шоми имрӯз дар толори “Kinopark 7 IMAX Keruen” маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои тоҷик бо намоиши филми бадеии “Рустам ва Суҳроб” (муаллифи сенария Г. Колтунов, коргардон Б. Кимёгаров) оғоз мегардад.

Тибқи барнома, 25-уми август дар шаҳри Остона бо иштироки вазирони фарҳанги Тоҷикистону Қазоқистон маросими пардабардорӣ аз  нимпайкараи олими тоҷику форс, файласуф, табиби оламшумул Абӯали ибни  Сино баргузор мегардад.

Шоми 25-уми август бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон дар Театри давлатии опера ва балети “Астана Опера” Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон расман оғоз гардида, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва аксу мусаввараҳо дар назар аст.

Рӯзи 27-уми  август дар шаҳри Чимкент дар конфронсзали “Ramada by Wyndham Shymkent” Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо вохӯрии Вазири фарҳанг ва аҳли илму адаби Тоҷикистон бо намояндагони тоҷикони муқими вилояти Туркистон идома меёбанд. Сипас, филми “Шинохти Саразм”, ки ба  5500-солагии Саразми бостон бахшида шудааст (муаллифон Шавкати Муҳаммадӣ ва Тоҳири Асрориён, коргардон Рустам Сатторзода),  намоиш дода мешавад.

Бегоҳии ҳамон рӯз дар толори консертии “Туркистон” намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегардад.

29-уми август дар шаҳри Алмаато мулоқоти Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо намояндагони  Иттифоқи нависандагони Қазоқистон баргузор мегардад. Инчунин дар Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи  Курмангази вохӯрии композиторони тоҷику қазоқ ва дар театри санъати анъанавии “Алатау” намоиши филми бадеии “Оинаи беҷило” (коргардон Носир Саидов) доир мегарданд.

Ҳамчунин, дар даромадгоҳи театр намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, аксу мусаввараҳо ва  консерти устодони санъати Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...