Бар асари садамаи нақлиётӣ дар Русия 5 тоҷик кушта ва захмӣ шудаанд

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар вилояти Тамбови Русия ду муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 3 зодаи Тоҷикистон бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудаанд. Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор кардааст. Ин ниҳод гуфта, ки ҳодиса ду рӯз пеш, 22-юми август дар  ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови […]

Asia-Plus

Дар пайи як садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар вилояти Тамбови Русия ду муҳоҷири тоҷик ба ҳалокат расида, 3 зодаи Тоҷикистон бо ҷароҳат дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода, ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор кардааст.

Ин ниҳод гуфта, ки ҳодиса ду рӯз пеш, 22-юми август дар  ноҳияи Мичурински вилояти Тамбови Русия рух додаст.

“Сафорат дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти тоҷикони минтақаи болозикр  ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва осебдидагон кӯмакҳои зарурӣ мерасонад”, – омадааст дар изҳороти сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Қаблан, расонаҳои Русия хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Мичурин, дар деҳаи Кочетовка, дар шоҳроҳи Р-22 "Каспий", километри 383-юм 4 нафар ба ҳалокат расида 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Гуфта мешуд, ки мошини тамғаи “Приора” ба самти муқобил буромада, ба мошини тамғаи “Грант” бархӯрдааст.

Ҳарду ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар дар мошини ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расиданд. Чаҳор нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.