Фарқи байни маоши баландтарин ва пасттарин дар Тоҷикистон то 8 баробар афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир қариб 36% ва кормандони бахши кишоварзӣ – 20% зиёд шудааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омор, аввалиҳо маоши аз ҳама баланд ва дуюмиҳо – аз ҳама пасттарро мегиранд.

Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи хидматчиёни бонкӣ то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5822 сомонӣ (532 доллар) расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021 маоши миёнаи онҳо 4291 сомониро ташкил медод.

Музди меҳнати кормандони бахши кишоварзӣ дар ин давра аз 597 сомонӣ то 719 сомонӣ (66 доллар) расидааст.

Ба ин тариқ, фарқият байни музди меҳнати кормандони бонкҳо ва кишоварзон дар муддати ду сол то 8 баробар афзудааст.

Маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли ҷорӣ 2227 сомонӣ (203 доллар) ва музди меҳнати ҳадди ақалл – 600 сомонӣ (55 доллар)-ро ташкил додааст.

Музди меҳнати номиналӣ – маблағи мушаххасе мебошад, ки корманд барои кораш мегирад. Аз маоши воқеӣ бо он фарқ мекунад, ки дар музди меҳнати воқеӣ таваррум (афзоии нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба молу хидматгузориҳо) ба инобат гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар сатҳи пасттарин қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Қазоқистон 807 доллар, Ӯзбекистон – 358 доллар ва Қирғизистон – 352 долларро ташкил додааст.

Дар бораи ҳаҷми музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистон маълумоти расмӣ дастрас нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...