Вазорати энергетика сабабҳои коҳиши истихроҷи нафтро шарҳ дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми истихроҷи нафт дар Тоҷикистон дар нимолаи аввали соли ҷорӣ 9,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки 3,4 ҳазор тонна камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Дар Вазорат зикр мекунанд, ки истихроҷи нафт дар ширкатҳои «Петролеум Суғгд» (ба миқдори 2,6 ҳазор тонна), «Нафту газ» (130 тонна), «Ҳасан и К» (80 тонна) ва «Сетос» (65 тонна) коҳиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз сабабҳои коҳиши нафт “кам шудани фишори қишрӣ (фишори паст ба партоби нокофии нафт аз чоҳ боис мегардад – эзоҳи муаллиф) мебошад. Ҳамчунин сабаби коҳиш “қатъи интиқоли барқ дар давраи зимистон” ва “ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудани корҳо оид ба барқарор намудани чоҳҳо аз ҷониби ширкати “Петролеум Суғд” маънидод мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар корхонаҳои коркарди нафти кишвар 675 тонна бензин, 676 тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), 1,7 ҳазор тонна мазут ва 1,6 ҳазор тонна битум истеҳсол шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии зиддиинҳисорӣ, дар ин давра ба ҷумҳурӣ ҳудуди 442 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст.

Маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия, ки 85,4% аз ҳаҷми умумии он ба Русия рост меояд, инчнуин аз Қазоқистон (5,1%), Туркманистон (4,4%), Ӯзбекистон (2,6%), Беларус (1,4%) ва дигар кишварҳо (1,1%) оварда шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмии пешакӣ, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги боигариҳои табиӣ, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ мавҷуд аст: зиёда аз 1 млрд тонна нафт ва 6-7 триллион метри мукааб газ, ки вазни хоси онҳо нисбат кишварҳои ҳамсоя зиёдтар мебошад.

Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) дар Тоҷикистон 23 кони маводи сӯзишворӣ боз шуда, ҳаҷми солонаи истихроҷи нафт то 400 ҳазор тоннаро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...