Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд

Date:

Имрӯз, 28 август соати 09:35 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Дар Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маркази заминларза дар 243 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе – 2-3 баллро ташкил додааст.

Дар бораи осебдидагон ва харобиҳо бар асари ин заминларза дар Тоҷикистон ҳоло хабаре нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии заминларзаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, дар марказ дар чуқурии 200 км қувваи ин заминларза 5,4 баллро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...