“Бо ҳидояти амиралмуъминин”. Толибон вуруди занонро ба ягона боғи миллии “Банди Амир” манъ карданд

Толибон* барои занон боз маҳдудияти нав ҷорӣ карда, ба ягона боғи миллии Бомиён ворид шудани онҳоро манъ кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ду рӯз пеш Мавлавӣ Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* ба Бомиён сафар карда, бо намояндагони ин гурӯҳ мулоқот анҷом […]

Толибон* барои занон боз маҳдудияти нав ҷорӣ карда, ба ягона боғи миллии Бомиён ворид шудани онҳоро манъ кардаанд. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ду рӯз пеш Мавлавӣ Муҳаммад Холид Ҳанафӣ, вазири амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон* ба Бомиён сафар карда, бо намояндагони ин гурӯҳ мулоқот анҷом додааст.

Ӯ дар ин мулоқот ба зердастонаш супориш додааст, ки “аз ин ба баъд занон барои тамошои манзараҳои боғи миллии Банди Амир нараванд ва ин тасмими уламо ва амиралмӯъминин аст”

“Мавлавӣ Холид Ҳанафӣ дар мавриди далели мамнӯъияти вуруди занон ба боғи миллии Банди Амир мегӯяд, ки ин тасмимро уламои киром ҳам мехоҳанд, миллат ҳам мехоҳад, амиралмӯъминин ҳам “ҳидоят мекунад” ва ҳукми илоҳӣ ҳам ҳамин аст”, – навиштааст “8-и субҳ” бо такя ба манобеаш.

Ин ягона маҳдудияти Торлибон* нисбат ба духтарон ва занон нест.

Аз ин пештар, Толибон* кор ва таҳсили занон дар Афғонистонро манъ карда буданд. Инчунин, бо идомаи маҳдудиятҳои густурда алайҳи духтарон ва занон баргузории дарсҳои таълими ибтидоиро барои духтарон манъ карда буданд.

Созмони Милали Муттаҳид, Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои бузурги минтақаӣ шарти ҳамкорӣ ва эътирофи Толибонро* эҳтиром ба ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи занон ва ташкили ҳукумати фарогир унвон кардаанд. Аммо Толибон* дар ду соли ахир ба ҳеҷ яке аз ин дархостҳо посухи мусбат ва қаноатбахш надодаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.