Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

Asia-Plus

Алиризо Ҳақиқиён, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ дирӯз, 27-уми август, ба Душанбе омад. Дар ин бора хабаргузории “Форс-нюс” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, сафири нави Эронро намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, кормандони сафорат ва дигар ниҳодҳои эронии муқими Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

“Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, изҳори умедворӣ шуд, ки бо ҳузури сафири нави Эрон, роҳи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун бо ҷиддият ва ғайратмандона пеш гирифта мешавад”, – навиштааст манбаъ.

Ҳақиқиён аз ин пеш мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон ва сафири Эрон дар Покистон буд.

Ӯ ба ҷои Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ моҳи марти соли 2019 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардида буд ва то моҳи августи соли 2023 дар ин вазифа монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...