Сафири нави Эрон дар Тоҷикистон вориди Душанбе шуд

Алиризо Ҳақиқиён, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ дирӯз, 27-уми август, ба Душанбе омад. Дар ин бора хабаргузории “Форс-нюс” иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, сафири нави Эронро намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, кормандони сафорат ва дигар ниҳодҳои эронии муқими Тоҷикистон истиқбол гирифтанд. “Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон […]

Алиризо Ҳақиқиён, сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва ӯ дирӯз, 27-уми август, ба Душанбе омад. Дар ин бора хабаргузории “Форс-нюс” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, сафири нави Эронро намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, кормандони сафорат ва дигар ниҳодҳои эронии муқими Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

“Дар мулоқоте, ки миёни Ҳақиқиён ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сурат гирифт, изҳори умедворӣ шуд, ки бо ҳузури сафири нави Эрон, роҳи равобит ва ҳамкориҳои мутақобилаи ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун бо ҷиддият ва ғайратмандона пеш гирифта мешавад”, – навиштааст манбаъ.

Ҳақиқиён аз ин пеш мудири куллу дастёри вазир дар умури АвруОсиёии вазорати умури хориҷа, мушовири амниятии вазири умури хориҷа, кордори Эрон дар Ироқ, сафири Эрон дар Арманистон ва сафири Эрон дар Покистон буд.

Ӯ ба ҷои Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Эрон дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадтақии Собирӣ моҳи марти соли 2019 ба ҳайси сафири Эрон дар Тоҷикистон таъйин гардида буд ва то моҳи августи соли 2023 дар ин вазифа монд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.