САҲА ба Тоҷикистон барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ 14 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ дод

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе чанде пеш ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон барои баргузории корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ маводи сӯзишворӣ ҳадя кард.

Тавре ки дар саҳифаи дафтари САҲА дар Facebook хабар дода мешавад, ин мавод аз  9800 литр сӯзишвории дизелӣ ва 4500 литр маҳсулоти нафтӣ иборат аст.

“Маводи ҳадяшуда барои пур кардани воситаҳои нақлиётӣ ва таҷҳизоти Кумита, ки барои муҳофизат ва кӯчонидани аҳолӣ ба минтақаҳои бехатар ҳангоми офатҳои табиӣ ба кор бурда мешаванд, истифода мешавад”, – омадааст дар хабар.

Қобили зикр аст, ки корҳои бартараф намудани оқибатҳои сел дар ноҳияҳои осебдида то ҳол идома доранд.

Бино ба маълумоти КҲФ, 4,5 км роҳҳои байни деҳаҳо  ва биноҳои ёрирасон аз лойқаву рег тоза ва кори хатҳои интиқоли барқ пурра барқарор карда шудааст.

Қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб дар деҳаи Ғусғарф аз оқибатҳои сел тоза карда шуда, дар қаламрави деҳаи Гулбоғ-2 корҳои тозакунии селпартоҳо аз лойқаву гил идома доранд.

Ёдрас мекунем, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои 27-28 август дар қаламрави Тоҷикистон 21 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...