Коҳиши назарраси савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон. Сабаб дар чист?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар зарфи 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба миқдори беш аз 48 млн доллар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт.

Ба иттилои Агенти омори ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ-июли соли равон ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоиҷикистону Ӯзбекистон ҳудуди 267 млн долларро ташкил дод, ки 15,3% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Коҳиши гардиши мол байни ду кишвар пеш аз ҳама, ба камшавии содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон – аз 118 млн доллар дар 7 моҳи соли гузашта то 86 млн доллар дар ҳамин давраи соли равон.

Коҳиши содирот дар навбати худ ба камшавии ҳаҷми интиқоли маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, маъдан, консентратҳо ва дигар ашёи хом) ба кишвари ҳамсоя марбут мебошад.

Коҳиши содири сементро ба гунаи мисол вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир чанде қабл дар нишасти матбуотӣ чунин шарҳ дод, ки дар худи Ӯзбекистон иқтидорҳои нави истеҳсоли ин навъи маҳсулот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин воридоти маҳсулоти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ начандон зиёд – аз 191 млн то 181 млн доллар кам шудааст.

Тамоили коҳиши гардиши молу маҳсулот байни ду кишвар дар замони сари қудрати Ӯзбекистон будани Шавкат Мирзиёев бори аввал ба мушоҳида мерасад, ки аз моҳи аввали сол оғоз гардид.

Дар давраи ҳукмронии шашсолаи Шавкат Мирзиёев ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 8 баробар – аз 70 млн доллар дар соли 2016 то 555 млн доллар аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 зиёд шуд.

Аз Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя асосан ашёи хом, аз қабили алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, инчунин матоъҳои гуногун, нӯшокиҳо, аз ҷумла машрубот, қолинҳо ва ғайра интиқол дода мешавад.

Аз Ӯзбекистон ба кишвари мо маҳсулоти нассоҷӣ, гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузот (металлҳо)-и ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад.

Муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 7 моҳи соли равон дар маҷмӯъ ҳудуди 4 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,5% ё худ 146 млн доллар камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба 767 млн доллар баробар шудааст, ки 592 млн доллар ё худ 43,6% камтар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аст.

Ҳаҷми воридоти молу маҳсулот бошад, баръакс 16% – аз 2,8 млрд доллар то 3,2 млрд доллар афзудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...