Ҳукумати “Толибон”* барои истихроҷи 7 кон бо чанд ширкатҳои маҳаллӣ, ки шарики ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, чинӣ, туркӣ ва бритониёӣ ҳастанд, ба маблағи 6,5 миллиард доллар қарордод имзо кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба муовини идораи иқтисодии дафтари нахуствазири “Толибон”* хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, қарордодҳоро вазорати маъдан ва маводи сӯхти ин гурӯҳ имзо кардааст.
Ба навиштаи манбаъ, қарордодҳои тиллои Самтӣ дар вулусволии Чоҳобии вилояти Тахор, миси Айнак дар вилояти Лугар, сурб дар вулусволии Тулаки вилояти Ғур ва маъдани оҳан дар вулусволии Ғӯрёни вилояти Ҳирот рӯзи панҷшанбеи 31-уми август бо ҳузури Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии дафтари нахуствазири “Толибон” имзо шудааст.
Шаҳобиддин Диловар, вазири маъодин ва маводи сӯхти ҳукумати Толибон дар як нишасти хабарӣ дар ин бора дар Кобул гуфтааст, "имзои ин қарордодҳо Афғонистонро ба як кишвари содиротӣ ва саноатӣ табдил медиҳад".
"Шаш миллиарду 557 миллион доллар аз сӯи онҳо сармоягузорӣ мешавад. Аз сармоягузории онҳо бубинед чӣ қадар сарват ва биноҳо вуҷуд дорад ва даромади давлат ва миллат чӣ қадар хоҳад буд. Дар сурб 20 дарсад мутааллиқ ба Иморат (Толибон ҳукуматашонро "Иморати Исломӣ" ном мебаранд) ва 80 дарсад аз онҳо хоҳад буд, 56 дарсади фоида аз тило мутааллиқ ба низом ва 44 дарсад аз онҳост”, – гуфтааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки “Толибон”* аз замони тасарруфи Афғонистон ба таври бесобиқа ба истихроҷи маъданҳои ин кишвар тамаркуз кардаанд.
Ин қарордодҳо гаронарзиштарин қарордодҳои саноатӣ ва тиҷоратии ҳукумати Толибон аз замони бозгашт ба қудрат дар ду соли қабл аст.
“Толибон” қаблан, ҳамеша ба истихроҷи ғайриқонунии маъдан низ муттаҳам мешуданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.


