Толибон барои истихроҷи 7 кони тиллову сурмаву мис бо чанд ширкати бритониёӣ ва эронӣ қарордод бастаанд

Ҳукумати “Толибон”* барои истихроҷи 7 кон бо чанд ширкатҳои маҳаллӣ, ки шарики ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, чинӣ, туркӣ ва бритониёӣ ҳастанд, ба маблағи 6,5 миллиард доллар қарордод имзо кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба муовини идораи иқтисодии дафтари нахуствазири “Толибон”* хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, қарордодҳоро вазорати маъдан ва […]

Таҳияи Алимҳшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Ҳукумати “Толибон”* барои истихроҷи 7 кон бо чанд ширкатҳои маҳаллӣ, ки шарики ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои эронӣ, чинӣ, туркӣ ва бритониёӣ ҳастанд, ба маблағи 6,5 миллиард доллар қарордод имзо кардааст. Дар ин бора рӯзномаи "8 субҳ"-и Афғонистон бо такя ба муовини идораи иқтисодии дафтари нахуствазири “Толибон”* хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қарордодҳоро вазорати маъдан ва маводи сӯхти ин гурӯҳ имзо кардааст.

Ба навиштаи манбаъ, қарордодҳои тиллои Самтӣ дар вулусволии Чоҳобии вилояти Тахор, миси Айнак дар вилояти Лугар, сурб дар вулусволии Тулаки вилояти Ғур ва маъдани оҳан дар вулусволии Ғӯрёни вилояти Ҳирот рӯзи панҷшанбеи 31-уми август бо ҳузури Абдулғанӣ Бародар, муовини иқтисодии дафтари нахуствазири “Толибон” имзо шудааст.

Шаҳобиддин Диловар, вазири маъодин ва маводи сӯхти ҳукумати Толибон дар як нишасти хабарӣ дар ин бора дар Кобул гуфтааст, "имзои ин қарордодҳо Афғонистонро ба як кишвари содиротӣ ва саноатӣ табдил медиҳад".

"Шаш миллиарду 557 миллион доллар аз сӯи онҳо сармоягузорӣ мешавад. Аз сармоягузории онҳо бубинед чӣ қадар сарват ва биноҳо вуҷуд дорад ва даромади давлат ва миллат чӣ қадар хоҳад буд. Дар сурб 20 дарсад мутааллиқ ба Иморат (Толибон ҳукуматашонро "Иморати Исломӣ" ном мебаранд) ва 80 дарсад аз онҳо хоҳад буд, 56 дарсади фоида аз тило мутааллиқ ба низом ва 44 дарсад аз онҳост”, – гуфтааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки “Толибон”* аз замони тасарруфи Афғонистон ба таври бесобиқа ба истихроҷи маъданҳои ин кишвар тамаркуз кардаанд.

Ин қарордодҳо гаронарзиштарин қарордодҳои саноатӣ ва тиҷоратии ҳукумати Толибон аз замони бозгашт ба қудрат дар ду соли қабл аст.

“Толибон” қаблан, ҳамеша ба истихроҷи ғайриқонунии маъдан низ муттаҳам мешуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.