“Фурсати донистан”: Хуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои истеҳсолоти иҷро кадомҳоянд?

Date:

 

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои истеҳсолоти иҷроро баррасӣ карданд. 

 

Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро дорои кадом ҳуқуқҳо мебошанд ва чигуна метавонанд, ки аз ҳуқуқҳои худ истифода намоянд?

Пеш аз ҳама, бояд  қайд намоем, ки тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ситонанда ва қарздор мебошанд. Дар истеҳсолоти иҷро якчанд ситонанда ва қарздор иштирок карда метавонанд. Ҳар яке аз онҳо нисбат ба тарафи дигар дар истеҳсолоти иҷро мустақилона ё ба воситаи намоянда иштирок менамоянд.

Хуқуқои  ситонанда ва қарздор дар моддаи 21 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  пешбинӣ шудаанд. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқ доранд, ки:

– бо маводи истеҳсолоти иҷро шинос шаванд, аз он иқтибос гиранд, нусха бардоранд, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дорои сирри махфӣ мебошанд;

– маводи иловагӣ пешниҳод намоянд, дархостҳо пеш оранд, 

– дар рафти амалҳои иҷро иштирок кунанд, дар рафти истеҳсолоти иҷро баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ диҳанд, 

– барои ҳалли масъалаҳое, ки дар рафти иҷро ба амал меоянд ваҷҳ ва далелҳои худро изҳор ва собит намоянд, 

– ваҷҳу далелҳои шахсони дигари иштирокчии истеҳсолоти иҷроро рад намоянд, 

– то ба охир расидани истеҳсолоти иҷро созиши оштии аз ҷониби суд тасдиқшударо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон банданд, 

-хукук доранд, ки аз иҷро даст кашанд, 

– ҳуқуқ доранд, ки аз болои қарор, амали (беамали) иҷрочии мақомоти иҷро оид ба масъалаҳои истеҳсолоти иҷро шикоят намоянд.

 

Тарафҳо  дар истеҳсолоти иҷро дорои кадом ӯҳдадориҳо мебошанд?

Ӯҳдадориҳои ситонанда ва қарздор дар моддаи 21 Қонун «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»  пешбинӣ шудаанд. Тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро уҳдадоранд:

1) ба иҷрочии мақомоти иҷро дар бораи иҷрои ҳуҷҷати иҷро дар муҳлати на дертар аз рӯзи дигари пас аз рӯзи иҷрои он пурра ё қисман маълумот диҳанд;

2)иҷрочии мақомоти иҷроро дар бораи тағйири маҳалли истиқомати худ ё маҳалли ҷойгиршавии молу мулки ба онҳо тааллуқдошта дар муҳлати на дертар аз се рӯз пас аз тағйирёбӣ огоҳ намоянд;

3) бо тартиби муқарраршуда тавзеҳот, ҳуҷҷатҳо ва маводи дархосткардаи иҷрочии мақомоти иҷроро пешниҳод намоянд;

4) бо даъвати иҷрочии мақомоти иҷро ҳозир шаванд;

5) аз ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта бовиҷдонона истифода баранд, инчунин талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

 

Оё ситонанда ва қарздор ҳуқуқ доранд, ки  дар истеҳсолоти иҷро тавасути намоянда иштирок намоянд?

Шаҳрванд метавонад мустақилона ё ба воситаи намоянда дар истеҳсолоти иҷро иштирок намояд. Иштироки бевоситаи шаҳрванд дар истеҳсолоти иҷро ҳуқуқи доштани намояндаро истисно наменамояд. Ситонанда ва қарздор ҳуқуқ доранд, ки  дар истеҳсолоти иҷро тавасути намоянда иштирок намоянд. Ин ҳуқуқ дар моддаи 23 Конун »Дар бораи истеҳсолоти иҷро» кафолат дода шудааст. 

Агар аз рӯи ҳуҷҷати иҷро қарздор уҳдадор шуда бошад, ки амалҳои муайянро (худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян) шахсан иҷро намояд, дар ин ҳолат қарздор ҳуқуқ надорад ба воситаи намоянда амал кунад.

Ҳуқуқи намоянда (ба истиснои намояндагони қонунӣ) барои пешниҳод ва бозхонди ҳуҷҷати иҷро, иштирок дар истеҳсолоти иҷро, бастани созишномаи оштӣ, ба шахси дигар вогузоштани ваколат, шикоят овардан ба қарор, амал (беамалии) иҷрочии мақомоти иҷро, пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро, гирифтани молу мулк ё пули ба фоидаи ӯ гузаронидашуда бояд дар ваколатномае, ки ваколатдиҳанда додааст, зикр гардад.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...