Дар Душанбе сохтмони метрои хурд оғоз мешавад

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе ба имзо расид. Санадро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар Душанбе имзо карданд. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва арзёбии техникиву иқтисодии сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе ба имзо расид.

Санадро вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва намояндаи Бонки Кореяи Ҷанубӣ Квон Биеонг рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар Душанбе имзо карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёт хабар доданд.

Дар Вазорати нақлиёт зикр карданд, ки барои баргузории корҳои пешакӣ “Эксимбонк”-и Кореяи Ҷанубӣ 200 ҳазор доллар медиҳад.

Намояндагони бонки мазкур розӣ шудаанд, ки натанҳо корҳои пешакии таҳқиқӣ, ҳамчунин таҳияи лоиҳаро бо тамоми ҷузъиёташ анҷом диҳанд.

Таъкид шудааст, ки қаблан барои баррасии саривақтии масоили марбут ба сохтмони метро байни ҷонибҳо гурӯҳи кории доимамалкунанда таъсис дода шуда, дар доираи он 16 вохӯрӣ баргузор шудааст.

Гуфта мешавад, 14 марти соли 2022 байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва Ширкати миллии роҳи оҳани Кореяи Ҷанубӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони метро дар Душанбе ба имзо расид. Маҳз ҳамин ширкат ба баргузории корҳои пешакии таҳқиқ машғул мешавад.

Ширкати Кореяи Ҷанубӣ пешниҳод намудааст, ки метрои рӯизаминӣ бо истифода аз системаи метрои сабуки баландсуръат (Light Rail Transit) месозад. Ба муайян кардани самтҳои метро гурӯҳи кории муштараки Вазорати нақлиёт ва шаҳрдории пойтахт машғул мешаванд.

Дар марҳилаи аввал сохтмони шохаи масофааш 10,5 километр аз Дарвозаи ҷанубии пойтахт то бинои Сирки давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Вазортаи нақлиёт, ҷониби Кореяи Ҷанубӣ уҳдадор шудааст, ки давра ба давра барои хидматрасонии дурусти метро мутахассисони маҳҳалӣ омода мекунад. Дар назар аст, ки то охири сол 7 нафар чунин мутахассисон тайёр шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.