Dushanbe City Bank терминалҳоеро ба кор даровардааст, ки якбора то 250 ҳазор сомонӣ қабул мекунанд

Dushanbe City Bank бори нахуст дар Тоҷикистон терминал барои гузаронидани маблағи зиёдро ба ҳамёни электронӣ роҳандозӣ намуд. Он дар як маротиба 500 адад пулҳои коғазӣ (бо арзиши 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ) бо шумули пулҳои 100-сомонигии навро ҳам қабул мекунад. Дар як бор ҳамагӣ то 250 ҳазор сомонӣ маблағро гузаронидан мумкин аст. Пулро […]

Asia-Plus

Dushanbe City Bank бори нахуст дар Тоҷикистон терминал барои гузаронидани маблағи зиёдро ба ҳамёни электронӣ роҳандозӣ намуд.

Он дар як маротиба 500 адад пулҳои коғазӣ (бо арзиши 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ) бо шумули пулҳои 100-сомонигии навро ҳам қабул мекунад. Дар як бор ҳамагӣ то 250 ҳазор сомонӣ маблағро гузаронидан мумкин аст.

Пулро метавон бо рақами телефон, инчунин бо QR-код интиқол дод: сарфи назар аз маблағ фоиз ситонида намешавад.

Чунин терминалҳо танҳо дар Dushanbe City Банк амал мекунанд. Ҳамагӣ алҳол онҳо чортоанд: дуто дар Душанбе, дар инфокиоск бо суроғаи Рӯдакӣ 30 назди Театри опера ва балет ва дар  инфокиоски рӯбарӯи МС Ганҷина.

Ҳамчунин боз 2 терминал дар Хуҷанд, дар дафтарҳои кории Dushanbe City Bank бо суроғаи кӯчаи Сирдарё 5 ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 51 гузошта шудааст. Терминалҳо шабонарӯзӣ – 24 соат кор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.