“Муҳоҷир нагӯ, ака!” Дар Тоҷикистон суҳбат оид ба муҳоҷирони корӣ манъ аст?

Date:

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мечархад, ки журналист аз як мансабдори маҳаллӣ талаб мекунад, то саҳми муҳоҷирони меҳнатиро дар робита ободии маҳал зикр накунад. Ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳоро ба бор овардааст.

Ҳарчанд вақти сабти мусоҳиба ва барои кадом шабакаи телевизионӣ омода шудани он маълум нест, вале аён аст, ки мансабдори маҳаллӣ дар бораи онҳое, ки дар таъмири роҳи маҳаллӣ саҳм гузоштаанд, сухан мекунад.

Вай номи чанд нафарро ба забон меорад ва қайд мекунад: “…бо ҷалби муҳоҷироне, ки дар…”. Дар ин ҷо наворбардор сухани раисро мебурад ва амр медиҳад: “Муҳоҷир нагӯ, ака! Аслан номи муҳоҷиронро нагир!”

Дар идома наворбардор машварат медиҳад, ки ба ҷои калимаи муҳоҷирон “фарзандони бо нангу номуси ҳамин деҳа” гӯяд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бояд гуфт, ки ҳар сол садҳо ҳазор ва тибқи маълумоти мақомоти Русия беш аз миллион муҳоҷири тоҷик барои кор ба ин кишвар мераванд ва бар ивази кори сангин ва таъқибу таҳқири мақомоти рус миллиардҳо доллар ба ватан ирсол мекунанд. Гуфта мешавад, ки маблағи ирсолмекардаи муҳоҷироти тоҷик дар марҳилаҳои гуногун ҳудуди 40 дарсади ММД-и Тоҷикистонро ташкил додааст.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки дар ватан низ муҳоҷирони кории тоҷик ба ҳошия ронда шудаву саҳми онҳо ба таври бояду шояд таъкид намешавад.

Ҳаҷми пули интиқолдодаи муҳоҷирон махфӣ шуд

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон зиёда аз 10 сол боз аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳаҷми пули фиристодаи муҳоҷирони корӣ худдорӣ меварзанд, ҳарчанд қонунгузорӣ ин маълумотро махфӣ намешуморад.

Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов ҳанӯз соли 2013 дар ин робита изҳор дошта буд, ки “ман доир ба интиқоли маблағҳо чизе гуфтанӣ нестам, зеро ин масъала метавонад ангезаи сиёсӣ касб кунад”.

Дар ҳамин ҳол, ӯ нагуфт, ки тасмими мазкур дар асоси кадом меъёри қонунгузорӣ қабул шудааст.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки Шириновро иваз кард, соли 2019 аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба пули муҳоҷирон таваҷҷуҳи хосса зоҳир накунанд.

“Биёед ба пули муҳоҷирон бисёр таваҷҷуҳ намекунем. Магар иқтисоди мо ба ҷуз пули муҳоҷирон дигар ҳеҷ чиз надорад”, – савол ба миён гузошта буд ӯ.

Ҳамин тариқ, Сироҷиддин Икромӣ, роҳбари КВД Бонки амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нишасти охири матбуотӣ гуфт, маълумоти оморӣ дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ аллакай якчанд сол аст, ки бурда намешавад, чунки “тарзҳои гуногуни интиқоли ин маблағҳо рӯйи кор омаданд”.

“Пештар ин маблағҳо унвонӣ ирсол мешуданд ва мо медонистем, ки ин аз муҳоҷирон аст. Ҳозир пул аз телефон ба телефон, аз корт ба корт гузаронида шуда, муайян кардан душвор аст, ки ин маблағи соҳибкорон аст ё муҳоҷирон”, – шарҳ дод ӯ.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пули муҳоҷирон қаблан ҳар се моҳ дар сомонаи Бонки марказии Русия нашр мешуд.

Тибқи маълумоти охирин дар бораи интиқоли маблағи муҳоҷирон, ки соли 2021 нашр шуда буд, ҳаҷми умумии интиқоли пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2020 беш аз 1,8 миллиард долларро ташкил додааст.

Тибқи иттилои Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2022 ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 5,2 млрд долларро ташкил додааст, ки ба 49%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ии кишвар баробар аст.

Навиштани кори илмӣ дар бораи пули муҳоҷирон манъ аст?

Дар ҳамин ҳол, чанд манбаъи “Азия-Плюс” аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки дастур шудааст, дар бораи маблағи муҳоҷирон кори илмӣ навиша нашавад.

Ин хабарро аз Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ ҳам тасдиқ карданд ва гуфтанд, ҳарчанд дастури хаттӣ нагирифтаанд, вале тариқи шифоҳӣ гуфтанд, дигар дар мавзӯи маблағи муҳоҷирон навиштани кори илмиро иҷозат надиҳед.

Манбаъи мо гуфт, онҳое ки қаблан дар ин мавзӯъ менавиштанд, корашонро идома медиҳанд, вале мавзӯи нав дар ин бора пешниҳод намешавад.

Мақомот расман дар ин бора шарҳ намедиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...