Оворагардону майзадагонро аз кӯчаҳои Душанбе боздошт ва ба ҳушёрхона бурдаанд

Asia-Plus

Дар Душанбе оворагардону майзадагонеро, ки бо сархушӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ хобида буданд, боздошт ва ба ҳушёрхона бурдаанд. Мақомот мехоҳанд, ки сабаби оворагардиву майзадагии ин афродро муайян намуда, барои онҳо макони зист ва ҷои корӣ пайдо кунанд.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (РВКД) хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта нозирони минтақавӣ дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур 13 оворагарду мастро муайян ва ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи оворагардон ва Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВКД бурдаанд.

Гуфта мешавад, ки он шаҳрвандон майзада ва бе макони зист буда, дар кӯчаҳои пойтахт ба оворагардӣ машғул будаанд. Баъзеи онҳо дар ҳолати мастӣ дар канори роҳҳо хобида будаанд.

“Бо баргузор намудани суҳбатҳои профилактикӣ шахсияти онҳо муайян ва ба майзадагон ёрии тиббӣ расонида шуд”, – навиштааст РВКД ва аксҳои онҳоро нашр кардааст.

Аксари онҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Бохтар, Хоруғ, ноҳияи Шаҳритӯс ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд будаанд.

РВКД гуфтааст, гарчанде милитсия дар натиҷаи амалиётҳои профилактикию пешгирикунанда чунин афродро муайян ва то бартараф гаштани ҳолати сархушӣ ба муассисаҳои махсусгардонидашуда дастрас мекунанд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин роҳи ҳалли пурраи масъала нест.

Ба гуфтаи манбаъ, қаблан бо мусоидати милитсияи пойтахт чандин нафарони бе ҷойи зист бо кор ва макони будубош таъмин карда шудаанд, аммо ҳанӯз ҳам дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе чунин афроди бе макони муайяни зист ва шахсони майзадаро мушоҳида намудан мумкин аст.

РВКД аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар сохторҳои масъул хостааст, “бо мақсади ба ҷойи кору макони зист ва барқарор намудани саломатию раҳоӣ ёфтан аз майзадагӣ ба онҳо мусоидат намоянд”.

“Бо мақсади муайян намудани сабабу шароитҳои машғул шудани баъзе аз шаҳрвандон ба оворагардиву майзадагӣ, муайян ва ба маконҳои махсусгардонидашуда дастрас намудани афроде, ки дар ҳолати сархушӣ дар маконҳои ҷамъиятӣ қарор доранд, ҳамзамон дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ваколатдори давлатӣ ҷиҳати бо ҷои кор ва макони зист таъмин намудани онҳо боз корҳои профилактикӣ гузаронида мешаванд”, – навиштааст РВКД.

Инчунин, ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолатҳо саҳми худро гузоранд.

Майзадагонро ҳамарӯза дар кӯчаву паскӯчаҳо ва ҳатто дар маркази пойтахт мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар ҳолати сархушӣ қарор доранд ва дар канори роҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ хобидаанд.

Бояд гуфт, ки чунин нафарон аз 3 то як шабонарӯз дар ҳушёрхонаи тиббӣ вобаста ба ҳолати ҳушёршавӣ нигоҳ дошта шуда, баъд ҷавоб дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ба иттилои РВКД, дар аввали соли 2022 дар ҳудуди пойтахт 147 майзада дар қайди махсус қарор дошта, бо онҳо мунтазам корҳои пешгирикунанда мегузарониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...