Дар Душанбе дар як соли ахир майзадаҳо бисёр шудаанд

Бино ба як маълумоте, ки "Азия-Плюс" аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дарёфт кард, шумораи нафарони майзада дар Душанбе дар як соли ахир зиёд шудааст.Соли 2021 аз ҷониби милитсияи пойтахт 854 нафар барои дар ҳолати мастӣ қарор доштан ба ҳушёрхонаи тиббии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас шуданад, ки ин нисбат ба соли […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бино ба як маълумоте, ки "Азия-Плюс" аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дарёфт кард, шумораи нафарони майзада дар Душанбе дар як соли ахир зиёд шудааст.Соли 2021 аз ҷониби милитсияи пойтахт 854 нафар барои дар ҳолати мастӣ қарор доштан ба ҳушёрхонаи тиббии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас шуданад, ки ин нисбат ба соли 2020 беш аз 230 нафар зиёд мебошад. 

Манбаъ гуфт, ки чунин нафарон аз 3 то як шабонарӯз дар ҳушёрхонаи тиббӣ вобаста ба ҳолти ҳушёршавӣ нигоҳ дошта шуда, баъд ҷавоб дода мешаванд.

Аз ин ниҳод афзуданд, ки ҳамчунин нисбат ба шаҳрвандоне, ки дар ҳолати мастӣ ба сари чамбараки мошин менишинанд, чораҳои сахти таъсиргузори маъмурӣ меандешанд. 

– Масалан, барои идора намудани восиатҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ соли 2019 нисбати 130 нафар, соли 2020 134 нафар ва соли 2021 160 нафар шаҳрванд ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯз татбиқ карджа шуда, ҳуқуқвайронкунандагон дар қабқлгоҳи тақсимотӣ барои оворагардону гадоёни РВКД шаҳри Душанбе адои ҷазо намуданд,Ю – мегӯяд РВКД шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод афзудааст, ки барои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати мастӣ ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ соли гузашта нисбати 1357 шаҳрванд протоколи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз як то се нишондиҳанда (аз 64 то 192 сомонӣ) ҷарима татбиқ шудааст.

РВКД иттилоъ медиҳад, ки ҳголо дар ҳудуди пойтахт 147 майзада дар қайди махсус қарор дошта, бо онҳо мунтазам корҳои пешгирикунанда мегузаронанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.